Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

665. ЗОДАНИ АРДАШЕРИ БОБАКОН

Чу нӯҳ моҳ бугзашт, аз он моҳчеҳр, Яке кӯдак омад чу тобанда меҳр. Ҳамонандаи шаҳрёр Ардашер, Физояндаву фарруху дилпазир. Ҳамон Ардашераш падар ном кард, Ба дидори ӯ ромишу ком кард. Ҳаме парваридаш ба бар барниёз, Баромад бар ин рӯзгори дароз. Мар ӯро кунун мардуми тезвир Ҳаме хонадаш Бобакон Ардашер. Биёмӯхтандаш ҳунар ҳар чӣ буд, Ҳунар низ бар гавҳараш барфузуд. Чунин шуд ба фарҳангу болову чеҳр, Ки гуфтӣ, ҳаме барфурӯзад сипеҳр. Пас огоҳӣ омад сӯи Ардавон Зи фарҳангу аз дониши он ҷавон, Ки шери жиён аст ҳангоми разм, Ба Ноҳид монад ҳаме рӯзи базм, Ки «Эй марди бодонишу покрой, Сухангӯву донандаву раҳнамой, Шунидам, ки фарзанди ту Ардашер, Саворест гӯяндаву ёдгир. Чу нома бихонӣ ҳам андар замон, Фиристаш ба наздики ман шодмон. Зи боистаҳо бениёзаш кунам, Миёни ялон сарфарозаш кунам. Чу бошад ба наздики фарзанди мо, Нагӯем, к-ӯ нест пайванди мо». Чу он номаи шоҳ Бобак бихонд, Басе хун зи мижгон ба рух барфишонд. Бифармуд то пеши ӯ шуд дабир, Ҳамон наврасида ҷавон Ардашер. Бад-ӯ гуфт, к-«Ин номаи Ардавон, Бихону нигаҳ кун ба равшанравон. Ман, инак, яке нома наздики шоҳ Нависам, фиристам яке некхоҳ. Бигӯям, ки, инак, дилу дидаро, Диловар ҷавони писандидаро