Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

664. ХОБ ДИДАНИ БОБАК ДАР КОРИ СОСОН

Чу Доро ба разм-андарун кушта шуд, Ҳама дударо рӯз баргашта шуд. Писар буд мар ӯро яке шодком, Хирадманду ҷангиву Сосон ба ном, Падарро бад-он гуна чун кушта дид, Сари бахти эрониён гашта дид, Аз он лашкари Рум бугрехт ӯй, Ба доми бало барнаёвехт ӯй. Ба Ҳиндустон-дар ба зорӣ бимурд, Зи Сосон яке кӯдаке монд хурд. Бар ин ҳамнишон то чаҳорум писар, Ҳаме ном Сосон-ш кардӣ падар Шубонон будандӣ в-агар сорбон, Ҳамасола бо дарду ранҷи гарон. Чу назди шубонони Бобак расид, Ба дашт омаду саршубонро бидид, Бад-ӯ гуфт: «Муздурат ояд ба кор, Ки эдар гузорад ба бад рӯзгор? Бипазруфт бадбахтро саршубон. Ҳаме дошт бо ранҷ рӯзу шабон. Чу шуд коргармард, омад писанд, Шубон саршубон гашт бар гӯсфанд. Шабе хуфта буд Бобаки зудёб, Чунон дид равшан равонаш ба хоб, Ки Сосон ба пили жиён барнишаст, Яке теғи ҳиндӣ гирифта ба даст. Ҳар он кас, ки омад бар ӯ-бар фароз, Бар ӯ офарин карду бурдаш намоз. Заминро ба хубӣ биёростӣ, Дили тира аз ғам биперостӣ. Ба дигар шаб-андар чу Бобак бихуфт, Ҳаме буд бо мағзаш андеша ҷуфт. Чунин дид дар хоб, к-оташпараст Се оташ бибурдӣ фурӯзон ба даст. Чу Озаргушаспу чу Харроду Меҳр, Фурӯзон ба кирдори гардонсипеҳр. Ҳама пеши Сосон фурӯзон будӣ, Ба ҳар оташе уд сӯзон будӣ.