Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

663. АШКОНИЁН ОҒОЗИ ДОСТОН

Кунун, эй сароянда фартутмард, Сӯи гоҳи Ашкониён бозгард. Чӣ гуфтан дар ин номаи бостон, Ки гӯянда ёд орад аз достон. Пас аз рӯзгори Сикандар ҷаҳон, Чӣ гӯяд, киро буду тахти меҳон? Чунин гуфт донанда деҳқони Чоҷ, К-«Аз он пас касеро набуд тахти оҷ. Бузургон, ки аз тухми Ораш буданд, Далеру сабуксору саркаш буданд. Ба гетӣ ба ҳар гӯшае бар яке, Гирифта зи ҳар кишваре андаке. Чу бар тахташон шод-биншонданд, Мулуки тавоиф ҳаме хонданд. Аз ин гуна бугзашт соле дувист, Ту гуфтӣ, ки андар ҷаҳон шоҳ нест. Накарданд ёд ин аз он, он аз ин, Баросуд якчанд рӯйи замин. Сикандар сиголид аз он гуна рой, Ки то Рум обод монад ба ҷой. Нахуст Ашк буд аз нажоди Қубод. Дигар гурд Шопури фаррухнажод. Дигар буд Гударз аз Ашкониён, Чу Бежан, ки буд аз нажоди каён. Чу Нарсиву чун Урмузди бузург, Чу Ораш, ки буд номдори сутург. Чу з-ӯ бугзарӣ, номдор Ардавон, Хирадманду борою равшанравон. Дигар буд Гударз аз Ашкониён, Бубахшид ганҷе ба арзониён. Варо хонданд Ардавони бузург, Ки аз меш бугсаст чанголи гург. Варо буд Шероз то Исфаҳон, Ки донанда хондиш марзи меҳон. Ба Истахр буд Бобак аз дасти ӯй, Ки Таннин хурӯшон буд аз шасти ӯй. Чу кӯтоҳ шуд шоху ҳам бехашон, Нагӯяд ҷаҳондида таърихашон.