Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

662. ГУФТОР АНДАР СИТОИШИ СУЛТОН МАҲМУД

Кунун подшоҳи ҷаҳонро ситой, Ба базму ба разму ба дониш гирой, Ҷаҳондор Абулқосими пурхирад, Ки рояш ҳаме аз хирад бар хӯрад. Ҳаме бод то ҷовидон шоддил, Зи ранҷу зи ғам гашта озоддил. Сарафроз Маҳмуди фархундарой К-аз ӯяст номи бузургӣ ба пой. Шаҳаншоҳи Эрону Зобулситон, Зи Қаннуч то марзи Кобулситон, Бар ӯ офарин боду бар лашкараш, Чи бар хешу бар дудаву кишвараш, Ҷаҳондор солори ӯ Мири Наср, К-аз ӯ шодмон аст гиранда аср, Ки пирӯзном асту пирӯзбахт, Ҳаме бугзарад килки ӯ бар дарахт, Сипаҳдор чун Булмузаффар бувад, Сари лашкар аз моҳ бартар бувад. Ҳамеша тани шоҳ беранҷ бод, Нишасташ ҳама бар сари ганҷ бод! Ҳамедун сипаҳдори ӯ шод бод, Дилаш равшану ганҷаш обод бод! Чунин то ба пой аст гардонсипеҳр, Аз ин тухма ҳаргиз мабуррод меҳр. Падар бар падар-бар, писар бар писар Ҳама тоҷвар боду пирӯзгар! Гузашта зи шаввол даҳ бо чаҳор, Яке офарин бод бар шаҳрёр. Аз ин муждае дод баҳри хироҷ, Ки фармон буд аз шоҳи бофарру тоҷ, Ки соле хироҷе нахоҳанд пеш Зи диндори бедору аз марди кеш, Бад-ин аҳди Нӯшервон тоза шуд, Ҳама кор бар дигар андоза шуд. Чу ояд бар он рӯзгоре дароз, Ҳаме густарад чодари дод боз. Бубинӣ бад-ин доду некӣ гумон, Ки ӯ хилъате ёбад аз осмон,