661. ГИЛА КАРДАНИ ФИРДАВСӢ АЗ ПИРӢ ВА ДАҲР
Алоё, дилорой чархи баланд,
Чӣ дорӣ ба пирӣ маро мустаманд?
Чу будам ҷавон. бар барам доштӣ,
Ба пирӣ маро хор бугзоштӣ,
Ҳаме зард гардад гули комгор,
Ҳаме парниён гардад аз ранҷ хор.
Дутоӣ шуд он сарви нозон ба боғ,
Ҳамон тира гашт он гиромӣ чароғ.
Пур аз барф шуд кӯҳсори сиёҳ,
Ҳаме лашкар аз шоҳ бинад гуноҳ.
Ба кирдори модар будӣ то кунун,
Ҳаме рехт бояд зи ранҷи ту хун.
Вафову хирад нест наздики ту,
Пур аз дардам аз роҳи торики ту,
Маро кош ҳаргиз напарвардие,
Чу парванда будӣ, наёзурдие.
Ҳар он гаҳ к-аз ин тирагӣ бугзарам,
Бигӯям чафои ту бо доварам.
Бинолам зи ту пеши Яздони пок,
Хурӯшону бар сар пароканда хок.
Зи пирӣ маро тангдил дид даҳр,
Ба ман боз дод азгуноҳаш ду баҳр».
Чунин дод посух сипеҳри баланд,
Ки «Эй пири гӯяндаи бегазанд,
Чаро бинӣ аз ман ҳаме неку бад?
Чунин нола аз донишӣ кай сазад?
Ту аз ман ба ҳар борае бартарӣ,
Равонро ба дониш ҳаме парварӣ.
Хӯру хобу ройи нишастан турост,
Ба неку ба бад роҳ ҷустан турост.
Бад-ин ҳар чӣ гуфтӣ, маро роҳ нест,
Хуру моҳ аз ин дониш огоҳ нест.
Аз он ҷӯй роҳат, ки роҳ офарид,
Шабу рӯзу хуршеду моҳ офарид.
Яке он, ки ҳастии ӯ роз нест,
Ба кореш анҷому оғоз нест.
Ман аз офариниш яке бандаам,
Парастандаи офаринандаам.