Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

660. ШЕВАН КАРДАНИ МОДАР ВА ЗАНИ ИСКАНДАР БАР Ӯ

В-аз он пас биёмад дамон модараш, Фаровон бимолид рух бар бараш. Ҳаме гуфт, к-«Эй номвар подшо, Ҷаҳондору некахтару порсо, Ба наздикӣ-андар ту дурӣ зи ман, Ҳам аз кишвару лашкару анҷуман, Равонам равони туро банда бод, Дили ҳар к-аз ин шод шуд, канда бод!» В-аз он пас бишуд Равшанак пур зи дард, Чунин гуфт, к-«Эй шоҳи озодмард, Ҷаҳондор Дорои Доро куҷост, К-аз ӯ дошт гетӣ ҳама пушт рост? Ҳамон Хусраву Ашку Фарёну Фур, Бузургони Синду шаҳи шаҳри Зур, Дигар шаҳрёрон, ки рӯзи набард, Сароншон зи бод андар омад ба гард? Чу абре будӣ тунду бораш тагарг, Туро гуфтам эмин шудастӣ зи марг, Зи бас разму пайкору хун рехтан, Чи танҳо, чи бо лашкар овехтан, Замона туро дод, гуфтам ҷавоз, Ҳаме дорӣ аз мардуми хеш роз. Чу кардӣ ҷаҳон аз бузургон тиҳӣ, Бияндохтӣ тоҷи шоҳаншаҳӣ, Дарахте, ки киштӣ, чу омад ба бор, Ҳаме хок бинам туро ғамгусор». Чу тоҷи сипеҳр андаромад ба зер, Бузургон зи гуфтор гаштанд сер. Нуҳуфтанд сандуқи ӯро ба хок, Надорад ҷаҳон аз чунин кор бок. Зи бод андарорад, барад сӯи дам, На дод аст пайдо, на хонам ситам. Наёбӣ ба чуну чаро низ роҳ, На кеҳтар бад-ин даст ёбад, на шоҳ, Ҳама некувӣ бояду мардумӣ, Ҷавонмардиву хубиву хуррамӣ. Ҷуз инат набинам ҳаме баҳрае, Агар кеҳтаре бошӣ, ар шӯҳрае.