659. ШЕВАНИ ҲАКИМОН БАР ИСКАНДАР
Чу Искандар омад ба Искандарӣ,
Ҷаҳонро дигаргуна шуд доварӣ.
Ба ҳомун ниҳоданд тобути ӯй,
Замин шуд саросар пур аз гуфтугӯй,
Ба Искандари кӯдаку марду зан
Ба тобути ӯ баршуданд анҷуман.
Агар баргирифтӣ зи мардум шумор,
Муҳандис фузун омадӣ сад ҳазор.
Ҳамон Арситолис пеш-андарун,
Ҷаҳоне бар ӯ дидагон пур зи хун,
Бар он тангтобут бинҳод даст,
Чунин гуфт, к-«Эй шоҳи яздонпараст,
Куҷо он ҳушу донишу ройи ту,
Ки ин тангтобут шуд ҷойи ту?
Ба рӯзи ҷавонӣ бад-ин моя сол,
Чаро хокро баргузидӣ ниҳол?»
Ҳакимони румӣ шуданд анҷуман,
Яке гуфт, к-«Эй пили рӯинатан,
Зи поят кӣ афканду ҷоят кӣ ҷуст,
Куҷот он ҳама ҳазму ройи дуруст?»
Дигар гуфт: «Чандин нуҳуфтӣ ту зар,
Кунун зар чӣ дорад танатро ба бар?»
Дигар гуфт, к-«Аз дасти ту кас наҷаст,
Чаро судӣ, эй шоҳ, бо марг даст?»
Дигар гуфт, к-«Осудӣ аз дарду ранҷ,
Ҳамон ҷустани подшоҳиву ганҷ!»
Дигар гуфт: «Чун пеши довар шавӣ,
Ҳамон бар, ки киштӣ, ҳамон бидравӣ!»
Дигар гуфт: «Бедастгоҳ он бувад,
Ки резандаи хуни шоҳон бувад!»
Дигар гуфт: «Мо чун ту бошем зуд,
Ки будӣ ту чун гавҳари нобисуд».
Дигар гуфт: «Чун бинадат устод,
Биёмӯзад он чиз, к-ат нест ёд».
Дигар гуфт, к-«Аз марг чун ӯ наҷаст,
Сазад гар ба бешӣ наёзем даст».
Дигар гуфт к-«Эй бартар аз моҳу меҳр,
Чаро пӯшӣ аз анҷуман хуб чеҳр?»