658. МУРДАНИ ИСКАНДАР БА БОБУЛ
Чу огоҳ шуд лашкар аз дарди шоҳ,
Ҷаҳон гашт бар номдорон сиёҳ.
Ба тахти бузургӣ ниҳоданд рӯй,
Ҷаҳон шуд саросар пур аз гуфтугӯй.
Сикандар зи лашкар чу огоҳ шуд,
Бидонист, к-аш рӯз кӯтоҳ шуд.
Бифармуд, то тахт берун баранд,
Зи айвони шоҳӣ ба ҳомун баранд.
Зи бемории шаҳ ғамӣ шуд сипоҳ,
Ки беранҷ диданд рухсори шоҳ.
Ҳама дашт яксар хурӯшон шуданд,
Чу бар оташи тез ҷӯшон шуданд.
Ҳаме гуфт, ҳар кас, ки бад рӯзгор,
Ки аз румиён кам шавад шаҳрёр,
Фароз омад он гардиши рӯзи шум,
Ки вайрон шавад з-ин сипас буми Рум.
Ҳама душманон коми дил ёфтанд,
Расиданд ҷое, ки биштофтанд.
Ба мо-бар кунун талх гардад ҷаҳон,
Хурӯшон шавем ошкору ниҳон».
Чунин гуфт Қайсар ба овози нарм,
Ки тарсанда бошеду борою шарм,
Аз андарзи ман як нафас нагзаред,
Чу хоҳед, к-аз ҷону тан бар х(в)аред.
Пас аз ман шуморо ҳамин аст кор,
На бо ман ҳаме бад кунад рӯзгор».
Бигуфт ину ҷонаш баромад зи тан,
Шуд он номвар шоҳи лашкаршикан.
Зи лашкар баромад саросар хурӯш,
Ҳаворо бидаррид аз овоз гӯш.
Ҳама хок бар сар ҳаме рехтанд,
Ба мижгон ҳаме хуни дил бехтанд.
Заданд оташ андар сарои нишаст,
Ҳазор аспро дум буриданд паст.
Ниҳода бар аспон нагунсор зин,
Ту гуфтӣ, ҳаме бархурӯшад замин.
Бибурданд сандуқи заррин ба дашт,
Ҳаме нола аз осмон баргузашт.