657. НОМАИ ИСКАНДАР БА НАЗДИКИ МОДАР ВА АНДАРЗ КАРДАН
Ба Бобул ҳамон рӯз шуд дардманд,
Бидонист, к-омад ба тангӣ газанд.
Дабири ҷаҳондидаро пеш хонд,
Ҳар он ч-аш ба дил буд, бо ӯ биронд.
Ба модар яке нома фармуду гуфт,
Ки огоҳии марг натвон нуҳуфт.
Зи гетӣ маро баҳра ин буд, ки буд,
На коҳад замона, на шояд фузуд.
Ту аз марги ман ҳеҷ ғамгин машав,
Ки андар замон ин сухан нест нав.
Ҳар он кас, ки зояд, бибояд-ш мурд,
Агар шаҳрёр аст, агар марди хурд.
Бигӯям кунун бо бузургони Рум,
Ки чун бозгарданд аз ин марзу бум,
Наҷӯянд ҷуз рою фармони ту,
Касе барнагардад зи паймони ту.
Ҳар он кас, ки буданд аз эрониён,
К-аз эшон будӣ румиёнро зиён,
Супурдам ба ҳар меҳтаре кишваре,
Чу гардад бад-он подшоҳӣ саре,
Ҳамоно ниёзаш наёяд ба Рум,
Баросояд аз душман он марзу бум.
Ба соле зи динори ман сад ҳазор,
Бубахшед бар мардуми хешкор.
Маро мурда дар хоки Миср оганед,
Зи гуфтори ман ҳеҷ мапроганед.
Гар ояд яке Равшанакро писар,
Шавад бегумон зинда номи падар,
Набояд, ки бошад ҷуз ӯ шоҳи Рум,
Ки ӯ тоза гардонад он марзу бум.
В-агар духтар ояд, ба ҳангоми бӯс,
Бипайванд бо кӯдаки Файлақус.
Ту фарзанд хонаш, на домоди ман,
Бад-ӯ тоза кун дар ҷаҳон ёди ман,
Дигар духтари Кайдро бегазанд
Фиристед назди падар арҷманд.
Або бадраву бардаи некхоҳ
Иморӣ басечед бо ӯ ба роҳ.