Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

656. НОМАИ ИСКАНДАР НАЗДИ АРИСТОЛИС ВА ПОСУХ ЁФТАН

Бидонист, к-аш марг наздик шуд, Бар ӯ-бар ҳаме рӯз торик шуд. Бар он будаш андеша, к-андар ҷаҳон Намонад касе аз нажоди меҳон, Ки лашкар кашад ҷангро сӯи Рум, Ниҳад пай бар он хоки ободбум. Чу мағз андар ин кори худкома кард, Сӯи Арситолис яке нома кард. Ҳар он кас, ки буд ӯ зи тухми каён, Бифармудашон, то бубандад миён, Ҳама рӯйҳо сӯи даргаҳ кунанд, Зи бадҳо гумонеш, кӯтаҳ кунанд. Чу нома бибурданд назди ҳаким, Дили Арситолис шуд пур зи бим. Ҳам андар замон посухи нома кард, Зи мижгон, ту гуфтӣ, сари хома кард, Ки «Он номаи шоҳи кайҳон расид, Зи бадкома дастат бибояд кашид. Аз он бад, ки гуфтӣ, маяндеш низ, В-аз андеша дарвешро бахш чиз. Бипарҳезу танро ба Яздон супор, Ба гетӣ ҷуз аз тухми некӣ макор. Ҳама маргроем, то зодаем, Ба бечорагӣ дил бад-ӯ додаем. На ҳар кас, ки шуд, подшоҳӣ бибурд, Бирафту бузургӣ касеро супурд. Бипарҳезу хуни бузургон марез, Ки нафрин бувад бар ту то растахез, Ва дигар, ки чун андар эронсипоҳ Набошад ҳамон шоҳ дар пешгоҳ. Зи Турку зи Ҳинду зи Сақлобу Чин, Сипоҳ ояд аз ҳар сӯе ҳамчунин. Ба Рум ояд он кас, ки Эрон гирифт, Агар кин басечад, набошад шигифт. Ҳар он кас, ки ҳаст аз нажоди каён, Набояд, ки аз бод ёбад зиён. Бузургону озодагонро бихон, Ба ҷашну ба суру ба рою ба хон.