655. ЛАШКАР КАШИДАНИ СИКАНДАР СӮИ БОБУЛ
Сикандар сипаҳ сӯи Бобул кашид,
Зи гарди сипаҳ шуд ҷаҳон нопадид.
Ҳаме ронд як моҳ худ бо сипоҳ,
Надиданд аз эшон кас оромгоҳ.
Бар ин гуна то сӯи кӯҳе расид,
Зи дидори дида сараш нопадид.
Ба сар-бар яке абри торик буд,
Ба кайвон ту гуфтӣ, ки наздик буд.
Зи ҷое бад-ӯ-бар надиданд роҳ,
Фурӯ монд аз он кор шоҳу сипоҳ.
Гузаштанд бар кӯҳи хоро ба ранҷ,
В-аз ӯ хира шуд марди бориксанҷ.
Зи рафтан чу гаштанд яксар сутӯҳ,
Яке жарфдарё аз он рӯи кӯҳ
Падид омаду шод шуд з-он сипоҳ,
Ки дарёву ҳомун бидиданду роҳ,
Сӯи жарфдарё ҳаме ронданд,
Ҷаҳонофаринро ҳаме хонданд.
Даду дом дар ҳар сӯе бешумор,
Сипаҳро набуд хӯрданӣ ҷуз шикор.
Падид омад аз дур марди сутург,
Пур аз мӯю бо гӯшҳои бузург.
Танаш зери мӯй, андарун ҳамчу нил,
Ду гӯшаш ба паҳнои ду гӯши пил.
Чу диданд гурдон касе з-ин нишон,
Бибурданд пеши Сикандар кашон.
Сикандар нигаҳ кард, з-ӯ хира монд,
Бар ӯ-бар ҳаме номи Яздон бихонд.
«Чи мардӣ,-бад-ӯ гуфту номи ту чист?
Зи дарё чӣ ёбиву коми ту чист?»
Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, маро бобу мом
Ҳаме Гӯшбистар ниҳоданд ном».
Бипурсид, к-«Он чист ба м-ёни об,
К-аз он сӯ барояд ҳаме офтоб?»
Чунин дод посух, ки «эй шаҳрёр,
Ҳамеша бизӣ дар ҷаҳон номдор,
Яке шорсон аст он чун биҳишт,
Ки гӯйӣ на аз хок дорад сиришт.