Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

654. РАСИДАНИ ИСКАНДАР БА КИШВАРИ СИНД ВА ҶАНГ КАРДАН

Бад-он ҷойгаҳ шоҳ моҳе бимонд, Чу осуда шуд шоҳ, лашкар биронд. Аз он сабздарё чу гаштанд боз, Биёбон гирифтанду роҳи дароз. Чу манзил ба манзил ба Чағвон расид, Яке бораву моявар шаҳр дид. Ба пеш омадандаш бузургони шаҳр Касе, к-аш зи ному хирад буд баҳр. Бирафтанд бо ҳадяву бо нисор, Зи Чағвон сарон то дари шаҳрёр. Сикандар сабук пурсиш андаргирифт, Ки эдар чӣ донед чизе шигифт. Бад-ӯ гуфт гӯянда, к-«Эй шаҳрёр, Надонем чизе, ки ояд ба кор, Бад-ин шаҳр дарвешиву ранҷ ҳаст, К-аз ин бугзарӣ, бод монад ба даст». Чу гуфтори гӯянда бишнид шоҳ, Зи Чағвон сӯи Ҳинд шуд бо сипоҳ. Пазира шудандаш саворони Синд, Ҳамон ҷангро ёвар омад зи Ҳинд. Ҳар он кас, ки аз Фур дилхаста буд, Ба хун рехтан дастҳо шуста буд. Бибурданд пилону ҳиндидарой Хурӯш омаду нолаи каррной. Сари синдиён буд Бандоҳ ном, Савори сарафроз, борою ком. Яке размашон карда шуд ҳамгурӯҳ, Замин шуд зи афканда бар сони кӯҳ. Шаб омад, бар он дашт синдӣ намонд, Сикандар сипоҳ аз пас андарбиронд. Ба даст омадаш пил ҳаштоду панҷ, Ҳамон тоҷи заррину шамшеру ганҷ Зану кӯдаку пирмардон ба роҳ Бирафтанд гирён ба наздики шоҳ, Ки «Эй шоҳи бедор, боз ор ҳуш Масӯзон бару буму кӯдак макуш, Ки фарҷом рӯзи ту ҳам бугзарад, Хунук он, ки гетӣ ба бад наспарад».