653. РАФТАНИ ИСКАНДАР БА НАЗДИКИ ФАҒФУРИ ЧИН
Аз он рӯй лашкар ба Чин баркашид,
Сипаҳро ба манзил фуруд оварид.
Яке нома фармуд пас, то дабир
Нависад зи Искандари шаҳргир.
Бифармуд ҳар гунае хубу зишт,
Нависанда чун нома андарнавишт,
Сикандар бишуд чун фиристодае,
Гузин кард бинодил озодае.
Ки бо ӯ бувад якдилу яксухун,
Бигӯяд ба меҳтар, ки кун, ё макун.
Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
В-аз он румиён панҷ доно бибурд.
Чу огоҳӣ омад ба Фағфур аз ин,
Ки омад фиристодае сӯи Чин,
Пазира фиристод чанде сипоҳ,
Сикандар гурозон биёмад зи роҳ.
Чу омад бад-он боргоҳи бузург,
Бидид он гузида сипоҳи бузург.
Биёмад зи даҳлез то пеши ӯй,
Пурандеша ҷони бадандеши ӯй.
Давон пеши ӯ рафту бурдаш намоз,
Нишаст андар айвон замоне дароз.
Бипурсид Фағфуру бинвохташ,
Яке номвар ҷойгаҳ сохташ.
Чу барзад сар аз кӯҳ равшан чароғ,
Бибурданд болои заррин чуноғ.
Фиристодаи шоҳро пеш хонд,
Сикандар фаровон суханҳо биронд.
Бигуфт он чи боисту нома бидод,
Суханҳои Қайсар ҳама кард ёд.
Бад-он нома унвон буд аз шоҳи Рум,
Ҷаҳондору солори ҳар марзу бум,
Ки хонанд шоҳон бар ӯ офарин
Сӯи кишваророй фағфури Чин.
Сари нома буд аз нахуст офарин
Зи мо бандагон бар ҷаҳонофарин.
Дигар гуфт: «Фармони мо сӯи Чин,
Чунон аст, к-обод гардад замин.