652. ДИДАНИ СИКАНДАР ДАРАХТИ ГӮЁРО
Зи роҳи биёбон ба шаҳре расид,
Бибуд шоҳ, к-овози мардум шунид.
Ҳама буму бар боғи обод буд,
Дили мардум аз хуррамӣ шод буд.
Пазира шудандаш бузургони шаҳр,
Касеро, ки аз мардумӣ буд баҳр.
Бар ӯ ҳамгинон офарин хонданд,
Басе зарру гавҳар барафшонданд.
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки «Эй шаҳрёр,
Анӯша, ки кардӣ ба мо-бар гузор.
Бад-ин шаҳр ҳаргиз наёмад сипоҳ,
На ҳаргиз шунидаст кас номи шоҳ.
Кунун к-омадӣ, ҷони мо пеши туст,
Ки равшанравон бодиву тандуруст».
Сикандар дил аз мардумон шод кард,
Зи роҳи биёбон тан озод кард.
Бипурсид аз эшон, ки «Эдар шигифт
Чӣ чиз аст к-андоза бояд гирифт?»
Чунин дод посух бад-ӯ раҳнамой,
Ки «Эй шоҳи пирӯзи покизарой,
Шигифтест, эдар, ки андар ҷаҳон
Касе он надид ошкору ниҳон.
Дарахтест эдар ду бун гашта ҷуфт,
Ки чун он шигифтӣ нашояд нуҳуфт.
Яке модаву дигаре нарри ӯй,
Сухангӯю бошоху борангу бӯй.
Ба шаб мода гӯёву бӯё шавад,
Чу равшан шавад, нарр(у) гӯё шавад.
Сикандар бишуд бо саворони Рум,
Ҳамон номдорони он марзу бум.
Бипурсид аз эшон, ки «Акнун дарахт
Сухан кай сарояд ба овози сахт?»
Чунон дод посух бад-ӯ тарҷумон,
Ки «аз рӯз чун бугзарад нӯҳ замон,
Сухангӯй гардад яке з-ин дарахт,
Ки овози ӯ бишнавад некбахт».
Бипурсид: «Чун бугзарем аз дарахт,
Шигифтӣ чӣ пеш ояд, эй некбахт?»