Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

651. ДИДАНИ СИКАНДАР МУРДАРО ДАР АЙВОНИ ЁҚУТИ ЗАРД

Ҳамон ронд як моҳ пӯён ба роҳ, Ба ранҷ омад аз роҳ шоҳу сипоҳ. Чунин то ба наздики кӯҳе расид, Ки ҷое даду дому мардум надид. Яке теғ дид аз бараш ложвард, Яке хона бар сар зи ёқути зард. Ҳама хона қандилҳои булӯр, Миён-андарун чашмаи оби шӯр. Яке сурхгавҳар ба ҷойи чароғ, Ба зер-андараш моя чун парри зоғ. Фитода фурӯғи чароғ андар об, Зи гавҳар ҳама хона чун офтоб. Ниҳода бар он чашма заррин ду тахт, Бар ӯ хобанида яке шӯрбахт. Ба тан мардуму сар ба сони гуроз, Ба бечорагӣ мурда бар тахти ноз. Зи кофур зер-андараш бистаре, Кашида зи дебо бар ӯ чодаре. Ҳар он кас, ки рафтӣ, ки чизе барад, В-агар хоки он хонаро биспарад, Ҳама тан-ш бар ҷой ларзон шудӣ, В-аз он ларза ҳам зинда резон шудӣ. Хурӯш омад аз чашмаи оби шӯр, Ки «эй орзумард, чандин машӯр! Басе чиз дидӣ, ки он кас надид, Инонат кунун боз бояд кашид. Кунун зиндагонит кӯтоҳ гашт, Сари тахти шоҳит бемоҳ гашт». Сикандар битарсиду баргашт зуд, Ба лашкаргаҳ омад ба кирдори дуд. В-аз он ҷойгаҳ тез лашкар биронд, Хурӯшон ҳаме номи Яздон бихонд. В-аз он кӯҳ роҳи биёбон гирифт, Ғамӣ гашту андешаи ҷон гирифт, Ҳаме ронд пурдарду гирён зи ҷой, Сипоҳ аз пасу пеш ӯ раҳнамой.