650. БАСТАНИ ИСКАНДАР САДДИ ЯЪҶУҶ ВА МАЪҶУҶРО
Сӯи Бохтар шуд, чу Ховар бидид,
Зи гетӣ ҳама роҳи рафтан гузид.
Ба раҳ-бар яке шорсон дид пок,
Ки нагзашт, гуфтӣ, бад-ӯ боду хок.
Чу овози кӯс омад аз пушти пил,
Пазира шудандаш бузургон ду мил.
Ҷаҳонҷӯй чун дид, бинвохтшон,
Ба хуршед гардан барафрохтшон.
Бипурсид к-«Эдар чӣ бошад шигифт,
К-аз он бартар андоза натвон гирифт?».
Забон баркушоданд бар шаҳрёр
Ба нолидан аз гардиши рӯзгор,
Ки «Моро яке кор пеш аст сахт,
Бигӯем бо шоҳи пирӯзбахт.
Аз ин кӯҳи сар то ба абр - андарун
Дили мо пур аз дарду ранҷ асту хун.
Зи Яъҷуҷу Маъҷуҷ хастадилем,
Чунон шуд, ки дилҳо зи тан бугсилем.
Чу оянд баҳре сӯи шаҳри мо,
Ғаму ранҷ бошад ҳама баҳри мо.
Ҳама рӯйҳошон чу рӯйи ҳаюн,
Забонҳо сияҳ, дидаҳо ҳамчу хун.
Сияҳ рӯю дандонҳо чун гуроз,
Кӣ ёрад шудан назди эшон фароз?
Ҳама тан пур аз мӯи ҳамранги нил,
Бару синаву гӯшҳошон чу пил.
Бихуспанд, як гӯш бистар кунанд,
Дигар бар тани хеш чодар кунанд.
Зи ҳар модае бачча зояд ҳазор,
Каму беши эшон кӣ донад шумор?
Ба гирд омадан чун сутурон шаванд,
Так оранд, бар сони гӯрон шаванд.
Баҳорон, к-аз абр андарояд хурӯш,
Ҳамон сабздарё барояд ба ҷӯш.
Чу таннин аз он мавҷ бардорад абр,
Ҳаво бархурӯшад ба сони ҳизабр.
Фуруд афканад абр таннин ба кӯҳ,
Биёянд аз эшон гурӯҳогурӯҳ.