649. ДИДАНИ СИКАНДАР ИСРОФИЛРО
Сикандар чу бишнид, шуд сӯи кӯҳ,
Ба дидор бар теғ шуд бегурӯҳ.
Сирофилро дид суре ба даст,
Барафрохта сар зи ҷойи нишаст.
Пур аз бод лаб, дидагон пур зи нам,
Ки фармон кай ояд зи Яздон, ки дам!
Чу бар кӯҳ рӯйи Сикандар бидид,
Чу раъди хурӯшон фиғон баркашид,
Ки эй бандаи оз! Чандин макӯш,
Ки рӯзе ба гӯш оядат як хурӯш,
Ки чандин маранҷ аз чунин тоҷу ганҷ,
Ба рафтан биёрою мафзой ранҷ».
Чунин дод посух бад-ӯ шаҳрёр,
Ки «Баҳри ман ин омадат рӯзгор,
Ки ҷуз ҷунбишу гардиш андар ҷаҳон
Набинам ҳаме ошкору ниҳон.
Аз он кӯҳ бо нола омад фуруд,
Ҳаме дод некидиҳишро дуруд.
Бад-он роҳи торик бинҳод рӯй,
Ба пеш-андарун мардуми роҳҷӯй.
Чу омад ба торикӣ андар сипоҳ,
Хурӯше баромад зи кӯҳи сиёҳ.
Ки «Ҳар кас, ки бардорад аз пой санг,
Пушаймон шавад з-он, ки дорад ба чанг.
В-агар барнадорад, пушаймон шавад,
Ба ҳар дарди дил сӯи дармон шавад.
Сипаҳ сӯи овоз бинҳод гӯш,
Пурандеша шуд ҳар касе з-он хурӯш,
Ки бардорад он санг, гар бугзарад,
Басе ранҷи ноомада бишмарад».
Яке гуфт, к-«Ин ранҷ ҳаст аз гуноҳ,
Пушаймонӣ аз санг бурдан зи роҳ».
Дигар гуфт: «Сахтӣ бибояд кашид,
Магар дарду ранҷаш набояд чашид».
Яке бурд аз он сангу дигар набурд,
Се дигар кас аз коҳилӣ бурд хурд.
Чу аз Оби Ҳайвон ба ҳомун шуданд,
Зи торикии роҳ берун шуданд,