Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

648. ГУФТУГӮИ ИСКАНДАР БО МУРҒОН

Сикандар сӯи рӯшноӣ расид, Яке баршуда кӯҳи рахшанда дид. Зада бар сари кӯҳи хоро амуд Сараш то ба абр-андар аз чӯби уд. Бар он ҳар амуде куноми бузург, Нишаста бар ӯ сабзмурғе сутург. Ба овози румӣ сухан ронданд, Ҷаҳондори пирӯзро хонданд. Чу овоз бишнид, Қайсар бирафт, Ба наздики мурғон хиромид тафт. Бад-ӯ гуфт мурғ: «Эй дилорой, ранҷ Чӣ ҷуӣ ҳаме з-ин сарои сипанҷ? Ки гар сар барорӣ ба чархи баланд, Ҳамон бозгардӣ ту з-ӯ мустаманд. Кунун к-омадӣ, ҳеҷ дидӣ зане, В-агар карда аз хишти заррин буне?» Чунин дод посух, к-«Аз ин ҳар ду ҳаст Заневу бар ин гуна ҷойи нишаст». Чу бишнид посух, фурӯтар нишаст, Бад-ӯ хира шуд марди яздонпараст, Бипурсид, к- «Андар ҷаҳон бонги руд, Шунидиву овози масту суруд?» Чунин дод посух, ки «Ҳар к-ӯ зи даҳр Зи шодӣ ҳаме барнагиранд баҳр, Варо шод мардум нахонад касе, В-агар дил ва ҷон барфишонад басе. Ба хок омад аз баршуда чӯби уд, Тиҳӣ монд з-он мурғи мушкин амуд». Дигар гуфт: «Доноиву ростӣ, Фузун аст, агар каммиву костӣ?» Чунин дод посух, ки «Донишпажӯҳ Ҳаме сар барафрозад аз ҳар гурӯҳ. Ба сӯи амуд омад аз тирахок, Ба минқор чанголҳо карда пок. Зи Қайсар бипурсид, к-«Эзадпараст, Ба шаҳри ту бар кӯҳ дорад нишаст?» Бад-ӯ гуфт: «Чун мард шуд покрой, Наёбад парастанда ҷуз кӯҳ ҷой.