647. ҶУСТАНИ ИСКАНДАР ОБИ ҲАЙВОН
В-аз он ҷойгаҳ шод лашкар биронд,
Бузургони бедордилро бихонд.
Ҳаме рафт, то сӯи шаҳре расид,
Ки онро миёну карона надид.
Ҳама ҳар чӣ бояд бад-ӯ дар фарох,
Пур аз боғу майдону айвону кох.
Фуруд омаду бомдоди пагоҳ
Ба наздики он чашма шуд бесипоҳ.
Ҳаме буд, то гашт хуршед зард,
Фурӯ шуд бад-он чашмаи ложвард.
Зи Яздони пок он шигифтӣ бидид,
Ки рахшанда гашт аз ҷаҳон нопадид.
Биёмад ба лашкаргаҳи хеш боз,
Диле пур зи андешаҳои дароз.
Шаби тира кард аз ҷаҳондор ёд,
Пас андеша бар об дигар ниҳод,
Ки деҳқон варо ном «Ҳайвон» ниҳод,
Чу аз бахшиши эзадӣ кард ёд.
Шикебо зи лашкар ҳар он кас, ки дид,
Нахуст аз миёни сипаҳ баргузид.
Чиҳилрӯза афзун хӯриш баргирифт,
Биёмад дамон, то чӣ бинад шигифт.
Сипаҳро бар он шорсон ҷой кард,
Яке пешрав ҷусту бар пой кард.
Варо андар ин Хизр буд ройзан,
Сари номдорони он анҷуман.
Сикандар биёмад ба фармони ӯй,
Дилу ҷон супурда ба паймони ӯй.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй марди бедордил,
Яке тез гардонбад-ин кор дил.
Агар Оби Ҳайвон ба чанг оварем,
Басе бар парастиш диранг оварем.
Намирам касе к-ӯ равон парварад,
Ба Яздон паноҳад зи роҳи хирад.
Ду мӯҳра-ст бо ман, ки чун офтоб
Битобад шаби тира, чун бинад об.
Яке з-он ту баргиру дар пеш бош,
Нигаҳбони ҷону тани хеш бош.