Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

646. ЛАШКАР БА МАҒРИБ РОНДАНИ ИСКАНДАР

Бипурсид ҳар чизу дарё бидид, В-аз он рӯй лашкар ба Мағриб кашид. Яке шорсон пешаш омад бузург, Бад-ӯ-андарун мардумони сутург. Ҳама мӯй сурху ҳама рӯй зард, Ҳама дархури ҷангу рӯзи набард. Ба фармон ба пеши Сикандар шуданд, Чу девонагон даст бар сар заданд. Сикандар бипурсид аз он саркашон, Ки «Эдар кӣ дод аз шигифтӣ нишон?» Чунин гуфт бо ӯ яке марди пир, Ки «Эй шоҳи некахтари шаҳргир, Яке обгир аст з-он рӯйи шаҳр, К-аз он об касро надидем баҳр, Ки хуршеди тобон бад- он ҷо кашид, Бад-он жарфдарё бувад нопадид. Паси чашма-дар тира гардад ҷаҳон, Шавад ошкорои гетӣ ниҳон. В-аз он ҷойи торик чандон сухун Шунидам, ки ҳаргиз наёяд ба бун. Хирадёфта марди яздонпараст, Бад-ӯ дар яке чашма гӯяд, ки ҳаст, Кушода сухан марди борою ком, Ҳаме оби ҳайвон-ш хонад ба ном». Чунин гуфт равшандили пурхирад, Ки «Ҳарк-оби ҳайвон хӯрад, кай мурад? Зи фирдавс бардорад он чашма роҳ, Бишӯй бар ӯ тан, бирезад гуноҳ». Сикандар бад-ӯ гуфт: «Торик ҷой, Бад-андарун чун равад чорпой?» Чунин посух овард яздонпараст, К-«Аз он роҳ бар курра бояд нишаст». Ба чӯпон бифармуд, к-«аспи яла, Саросар ба лашкаргаҳ орад гала». Гузин кард аз ӯ борагӣ даҳ ҳазор Ҳама чор сол аз дари корзор.