Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

645. ДИДАНИ СИКАНДАР ШИГИФТИҲО БА ШАҲРИ ҲАРУМ

Ҳаме рафт бо номдорони Рум Бад-он шорсоне, ки хонӣ Ҳарум, Ки он шаҳр яксар занон доштанд, Касе бар дари шаҳр нагзоштанд. Сӯи рост пистон чунон чун занон, Чу рафтӣ давон нор бар парниён. Сӯи чап ба кирдори ҷӯяндамард, Ки ҷавшан бипӯшад ба рӯзи набард. Чу омад ба наздики шаҳри Ҳарум Сарафроз бо номдорони Рум, Яке нома бинвишт бо расму дод, Чунон чун бувад марди фаррухнажод. Ба унвон-бар аз шоҳи Эрону Рум Сӯи он ки доранд марзи Ҳарум. Сари нома аз Кирдгори сипеҳр, К-аз ӯй аст бахшоишу доду меҳр. Ҳар он кас, ки дорад равонаш хирад, Ҷаҳонро ба умре ҳаме наспарад. Шунид, он ки мо дар замин кардаем, Сари меҳтарӣ бар куҷо бурдаем? Касе к-ӯ зи фармони мо сар битофт, Ниҳонӣ ба ҷуз хоки тира наёфт. Нахоҳам, ки ҷое бувад дар ҷаҳон, Ки дидори он бошад аз мо ниҳон. Гар оям, маро бо шумо нест разм, Ба дил оштӣ дораму ройи базм. Агар ҳеҷ доред донандае, Хирадманду бедору хонандае, Чу бархонад ин номаи пандманд, Ҳар он кас, ки ҳаст аз шумо арҷманд, Бубандед пеш омаданро миён, К-аз ин омадан кас наёбад зиён. Бифармуд, то файласуфе зи Рум Барад номаро сӯи шаҳри Ҳарум. Чу доно ба наздики эшон расид, Ҳама шаҳр зан диду марде надид. Ҳама лашкар аз шаҳр берун шуданд, Ба дидори румӣ ба ҳомун шуданд.