Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

644. РАСИДАНИ СИКАНДАР БА ШАҲРИ НАРМПОЁН ВА КУШТАНИ АЖДАҲО

Чу наздикии Нармпоён расид, Нигаҳ карду мардум беандоза дид. На аспу на ҷавшан, на теғу на гурз Аз он ҳар гаве чун яке сарви бурз. Чу раъди хурӯшон баромад ғирев, Бараҳнасипоҳе ба кирдори дев. Яке сангборон бикарданд сахт, Чу боди хазон барҷаҳад бар дарахт. Ба тиру ба теғ андаромад сипоҳ, Ту гуфтӣ, ки шуд рӯзи равшан сиёҳ. Чу аз Нармпоён фаровон намонд, Сикандар биёсуду лашкар биронд. Бишуд тозиён, то ба шаҳре расид, Ки онро миёну карона надид. Ба оин ҳама пешбоз омаданд. Кушодадилу бениёз омаданд. Бибурданд ҳар гуна густурданӣ, Зи пӯшиданиҳову аз хӯрданӣ. Сикандар бипурсиду бинвохтшон Ба андоза-бар пойгаҳ сохтшон. Кашиданд бар дашт пардасарой, Сипоҳаш биҷуст андар он дашт ҷой. Сар андар ситора яке кӯҳ дид, Ки гуфтӣ, ки гардун бихоҳад кашид. Бар он кӯҳ м-эшон намондӣ яке. Шаби тира з-эшон намондӣ яке. Бипурсид аз эшон Сикандар, ки «роҳ Кадом асту чун ронд бояд сипоҳ?» Ҳама яксара хонданд офарин, Ки «Эй номвар шаҳрёри замин, Ба рафтан бар ин кӯҳ будӣ гузар, Агар баргузаштӣ бар ӯ роҳбар. Яке аждаҳоест з-он сӯи кӯҳ, Ки гург ояд аз ранҷи захмаш сутӯҳ. Наёрад бар ӯ баргузаштан сипоҳ, Ҳаме дуди заҳраш барояд ба моҳ, Ҳаме оташ афрӯзад аз коми ӯй, Ду гесӯ бувад пилро доми ӯй.