Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

643. РАСИДАНИ СИКАНДАР БА ЗАМИНИ ҲАБАШ ВА ҶАНГ КАРДАН ВА ФИРӮЗӢ ЁФТАН

В-аз он ҷойгаҳ шоҳи хуршедфаш Биёмад дамон то замини ҳабаш, Зи мардум замин дид чун парри зоғ, Сияҳ гаштаву чашмҳо чун чароғ. Тановар яке лашкаре зӯрманд, Бараҳнатану сифту боло баланд. Чу аз дур диданд гарди сипоҳ, Хурӯше баромад ба абри сиёҳ. Сипоҳ анҷуман шуд ҳазорон ҳазор, В-аз он тира шуд дидаи шаҳрёр. Ба сӯи Сикандар ниҳоданд рӯй, Бикуштанд бисёр пархошҷӯй. Ба ҷойи синон устухон доштанд, Ҳаме бар тани мард бугзоштанд. Ба лашкар бифармуд пас шаҳрёр, Ки бардоштанд олати корзор. Бараҳна ба ҷанг андаромад ҳабаш, Ғамӣ гашт аз он лашкари шерфаш. Бикуштанд аз эшон фузун аз шумор, Бупечид дигар сар аз корзор. Зи хун рехтан гашт рӯи замин Саросар ба кирдори дарёи Чин. Чу аз хун дару дашт олуда гашт, Зи кушта бар ҳар ҷой-бар тӯда гашт. Бар он тӯда хошокҳо барзаданд, Бифармуд, то оташ андарзаданд. Чу шаб тира шуд, омад овози карг, Сикандар бипӯшид хафтону тарг. Яке пешрав буд меҳтар зи пил, Ба сар-дар сурун дошт ҳамранги нил. В-аз он номдорон фаровон бикушт, Басе ҳамла бурданду нанмуд пушт. Бикуштанд фарҷоми кораш ба тир, Яке оҳанин кӯҳ буд пилгир. В-аз он ҷойгаҳ тез лашкар биронд, Басе номи додори кайҳон бихонд.