Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

642. РАФТАНИ СИКАНДАР БА ДАРЁИ ХОВАР ВА БА ЗАМИНИ ҲАБАШ

Зи шаҳри Бараҳман ба ҷое расид, Яке бекарон жарфдарё бидид. Ба сони занон мард пӯшида рӯй, Ҳаме рафт бо ҷомаву рангу бӯй. Забонҳо на тозиву на паҳлавӣ, На чинӣ, на туркиву, на хусравӣ, Зи моҳӣ будишон ҳама х(в)арданӣ, Зи ҷое набуд роҳи оварданӣ. Сикандар шигифт андар эшон бимонд, Зи дарё ҳаме номи Яздон бихонд. Ҳамон гоҳ кӯҳе баромад зи об, Тару тозаву зард чун офтоб. Сикандар яке тезкиштӣ биҷуст, Ки онро ба дида бубинад дуруст. Яке гуфт аз он файласуфони шоҳ, Ки бар жарфдарё туро нест роҳ. Бимон, то бубинад мар онро касе, Ки баҳра надорад зи дониш басе. Зи румиву аз мардуми порсӣ Бад-он киштӣ-андар нишастанд сӣ. Яке зардмоҳӣ бад-он лахткӯҳ Ҳамон гаҳ чу танг андар омад гурӯҳ, Фурӯ бурд киштӣ ҳам андар шитоб, Ҳамон кӯҳ шуд нопадид андар об. Сипоҳу Сикандар бад-он хира монд, Ҳаме ҳар касе номи Яздон бихонд. Бад-ӯ гуфт румӣ, ки дониш беҳ аст, Ки доно чунин бар меҳон-бар меҳ аст. Агар шоҳ рафтиву киштӣ табоҳ, Пур аз хун шудӣ ҷони чандин сипоҳ, В-аз он ҷойгаҳ лашкар андаркашид, Яке обгири нав омад падид. Ба гирд-андараш най ба сони дарахт, Ту гуфтӣ, ки чӯби чинор аст сахт. Зи даҳ раш фузун буд паҳнои ӯй, Чиҳил раш бипаймуд болои ӯй. Ҳама хонаҳо карда аз чӯби най, Заминаш ҳам аз най фурӯ бурда пай.