Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

641. РАФТАНИ ИСКАНДАР БА ШАҲРИ БАРАҲМАНОН

В-аз он ҷойгаҳ лашкар андаркашид, Дамон то ба шаҳри Бараҳман расид. Бад-он то зи кирдорҳои куҳун Бипурсад зи парҳезгорон сухун. Бараҳман чу огаҳ шуд аз кори шоҳ, Ки овард аз он рӯй лашкар ба роҳ, Парастанда мард андаромад зи кӯҳ, Шуданд андар он огаҳӣ ҳамгурӯҳ. Набиштанд пас нома он бихрадон Ба назди Сикандар, шаҳи мӯбадон. Сари нома буд офарини меҳон Зи доранда бар шаҳрёри ҷаҳон, Ки пирӯзгар бод ҳамвора шоҳ, Ба афзоиши донишу дастгоҳ. Дигар гуфт, к-«Эй шаҳрёри сутург! Туро дод Яздон ҷаҳони бузург, Чи дорӣ бад-ин марзи беарз рой, Нишасти парастандагони Худой? Гар ин омадам аз пайи хоста-ст, Хирад бегумон назди ту коста-ст. Бари мо шикебоиву дониш аст, Зи дониш равонҳо пур аз ромиш аст. Шикебоӣ аз мо нашояд ситад, На касро зи дониш расад низ бад. Набинӣ ба ҷуз барҳана як рама, Пароканда аз рӯзгори дама. Агар будан эдар дароз оядат, Ба тухми гиёҳон ниёз оядат. Фиристода омад бари шаҳрёр, Зи бехи гиё бар миёнаш изор. Сикандар фиристодаву нома дид, Беозориву ростӣ баргузид. Сипаҳро саросар ҳамон ҷо бимонд, Худу номдорони румӣ биронд. Парастанда огаҳ шуд аз кори шоҳ, Пазира шудандаш якояк ба роҳ. Бибурданд бемоя чизе, ки буд, Ки на ганҷашон буд, на кишту дуруд.