640. ПАЙМОНИ ИСКАНДАР БО ҚАЙДОФА ВА БОЗГАШТАНИ Ӯ
Ҳаме чора ҷуст он шаби дербоз,
Чу хуршед бинмуд чинӣ тароз.
Барафрохт аз кӯҳ заррин дурафш,
Нагунсор шуд парниёнӣ бунафш.
Сикандар биёмад ба наздики шоҳ,
Парастанда бархост аз боргоҳ.
Ба расме, ки будаш, дуруд оварид,
Ҷаҳондор пеши сипаҳбад чамид.
Зи бегона хона бипардохтанд,
Фиристодаро пеши ӯ тохтанд.
Чу Қайдофаро дид бар тахт, гуфт,
Ки «бо ройи ту муштарӣ бод ҷуфт.
Ба дини Масеҳову гуфтори рост,
Ба донанда, к-ӯ бар забонам гувост,
Ба оину дини салиби бузург,
Ба ҷону сари шаҳрёри сутург.
Ба зуннори шаммосу рӯҳ-ул-қудус,
К-аз ин пас маро хок дар Андалус
Набинад, на лашкар фиристам ба ҷанг,
Наёмезам аз ҳар даре низ ранг.
На бо пок фарзанди ту бад кунам,
На фармон диҳам, низ на х(в)ад кунам.
Ба ҷон боз бандам вафои туро,
Наҷӯям ба чизе ҷафои туро.
Бародар бувад, нек хоҳад маро,
Ба ҷойи салиб аст гоҳат маро».
Нигаҳ кард Қайдофа савганди ӯй,
Ягона дилу рост пайванди ӯй.
Ҳама кох курсии заррин ниҳод,
Ба пеш-андар ороиши Чин ниҳод.
Бузургону некахтаронро бихонд,
Якояк бад-он курсии зар нишонд.
В-аз он пас гиромӣ ду фарзандро
Биёварду хешону пайвандро.
Чунин гуфт, к-«Андар сарои сипанҷ
Сазад, гар набошем чандин ба ранҷ.
Набояд, к-аз ин гардиши рӯзгор
Маро баҳра кин ояду корзор.