639. ОШУФТАНИ ТАЙНУШ - ПИСАРИ ҚАЙДОФА БАР СИКАНДАР ВА ЧОРА НАМУДАНИ СИКАНДАР БО Ӯ
Чу Тайнуш гуфти Сикандар шунид,
Ба кирдори боди дамон бардамид.
Бад-ӯ гуфт, к-«эй нокаси бехирад,
Туро мардум аз мардумон нашмарад.
Надонӣ, ки пеши кӣ дорӣ нишаст
Бари шоҳ маншину манмой даст!
Сарат пур зи тезиву кундоварист,
Нагӯйӣ маро худ, ки шоҳи ту кист?
Агар нестӣ фарри ин номдор,
Сарат кандаме чун турунҷе зи бор!
Ҳам имшаб саратро ман аз дарди Фур
Ба лашкар намоям, зи тан карда дур».
Яке бонг барзад бад-ӯ модараш,
Ки осематар гашт ҷангӣ сараш.
Ба Тайнуш гуфт: «Ин на гуфтори ӯст,
Бар он дар, ки ӯро фиристод пӯст».
Бифармуд, к-ӯро ба берун кунед,
Зи пеши нишасташ ба ҳомун кунед.
Чунин гуфт пас бо Сикандар ба роз,
Ки Тайнуши бедониши девсоз
Набояд, ки андар ниҳон чорае
Бисозад газандеву патёрае.
Ту донишпажӯҳиву дорӣ хирад,
Нигаҳ кун бад-ин, то чӣ андарх(у)рад.
Сикандар бад-ӯ гуфт, к-«ин аст рост,
Ту Тайнушро бозхонӣ, равост».
Ҷаҳондор фарзандро бозхонд,
Бад-он номвар боргоҳаш нишонд.
Сикандар бад-ӯ гуфт к-«эй номдор,
Агар коми дил хоҳӣ, ором дор.
Ман аз ту бад-ин кин нагирам ҳаме,
Сухан ҳар чи гӯйӣ, пазирам ҳаме.
Маро ин нажандӣ зи Искандар аст,
Куҷо шоҳи ботахту боафсар аст.
Бад-ин сон фиристодаам ман зи шоҳ,
Ки аз номвар меҳтаре бож хоҳ.
Бад-он то ҳар он бад, ки хоҳад расид,
Ба рӯйи ман ояд зи душман падид.