Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

638. ЧОРА НАМУДАНИ ИСКАНДАР БО ТАЙНУШ

Сикандар биёмад диле ҳамчу кӯҳ, Ки андешад аз марг донишпажӯҳ. Набудаш зи Қайдофа чин бар бурӯ, Набардошт ҳаргиз дил аз орзу. Бибуд он шабу бомдоди пагоҳ Зи айвон биёмад ба наздики шоҳ. Сипаҳдор дар хон биёраста буд, Ҳама гирд бар гирди ӯ даста буд. Сари хонаро пайкар аз ҷизъу зар, Ба зар-андарун чанд гуна гуҳар. Ба пеш-андарун дастаи мушкбӯй, Ду фарзанди шоиста дар пеши ӯй. Чу Тайнуши аспафкану Қайдрӯш, Ниҳода ба гуфтори Қайдофа гӯш. Ба модар чунин гуфт кеҳтар писар, Ки «Эй шоҳи некахтари додгар, Чунон кун, ки аз пеши ту Битақун Шавад шоду хушнуд бо раҳнамун. Ба раҳбар, касе то наёзорадаш, В-ар аз душманон низ нашморадаш, Ки зиндакуни пок ҷони ман ӯст, Бар онам, ки равшан ҷаҳони ман ӯст». Бад-ӯ гуфт модар, ки «Эдун кунам, Ки ӯро бузургӣ ба афзун кунам». Ба Искандар он номвар шоҳ гуфт, Ки «пайдо кун акнун ниҳон аз нуҳуфт. Чӣ хоҳиву ройи Сикандар ба чист? Чӣ донӣ ту аз шоҳу дастур чист?» Сикандар бад-ӯ гуфт к-«эй сарфароз, Ба назди ту шуд будани ман дароз. Маро гуфт, шав, божи марзаш бихоҳ, В-агар дер монӣ, биёрам сипоҳ. Намонам бад-ӯ кишвару тоҷу тахт, На рӯзу на шодӣ, на фарру на бахт.