637. ПАНД ДОДАНИ ҚАЙДОФА ИСКАНДАРРО
Бихандид Қайдофа аз кори ӯй,
В-аз он мардиву тунд гуфтори ӯй.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй хусрави шерфаш,
Ба мардӣ магардон сари хеш каш.
На аз фарри ту кушта шуд Фури Ҳинд,
На Дорои Доробу гурдони Синд,
Ки баргашт рӯзи бузургони даҳр,
Зи ахтар туро бештар буд баҳр.
Ба мардӣ ту густох гаштӣ чунин,
Ки меҳтар шудӣ бар замону замин.
Ҳама некуиҳо зи Яздон шинос,
В-аз ӯ дор, то зинда бошӣ, сипос.
Ту гуфтӣ, ки дониш ба гетӣ марост,
Набинам ҳаме гуфтугӯи ту рост.
Куҷо оварад дониши ту баҳо,
Чу ойӣ чунин дар дами аждаҳо.
Бидӯзӣ ба рӯзи ҷавонӣ кафан,
Фиристодае созӣ аз хештан.
Маро нест оини хун рехтан,
На бар хира бо меҳтар овехтан.
Чу шоҳе ба коре тавоно бувад,
Бубахшояд аз дод, доно бувад.
Чунон дон, ки резандаи хуни шоҳ
Ҷуз оташ набинад ба фарҷом гоҳ.
Ту эмин бибошу ба шодӣ бирав,
Чу рафтӣ, яке кор барсоз нав,.
К-аз ин пас наёӣ ба пайғамбарӣ,
Туро хок донад, ки Искандарӣ.
Надонам касеро зи гарданкашон,
Ки аз чеҳри ӯ ман надорам нишон.
Нигорида ҳам з-ин нишон бар ҳарир
Ниҳода ба наздикии ёдгир.
Бар ӯ рондам ҳукми ахтаршинос,
К-аз ӯ эминӣ бошадам ё ҳарос.
Чу бахшанда шуд хусрави ройзан,
Замона бигӯяд ба марду ба зан.
Ту то эдарӣ, Битақун хонамат,
Бар ин ҳамнишон дур биншонамат,