636. РАФТАНИ ИСКАНДАР БА РУСУЛ СӮИ ҚАЙДОФА
Ҷаҳонҷӯй даҳ номвар баргузид
Зи мардони румӣ, чунон чун сазид,
Ки буданд ҳар даҳ ҳамовози ӯй,
Нигаҳ доштандӣ ба дил рози ӯй».
Чунин гуфт к-«акнун ба роҳ-андарун
Махонед моро ба ҷуз Битақун.
Ҳаме рафт пеш-андарун Қайдрӯш,
Сикандар супурда бад-ӯ чашму гӯш.
Чу оташ ҳаме ронд меҳтар сутур,
Ба кӯҳе расиданд, сангаш булӯр.
Ба ӯ бар зи ҳар гунае мевадор,
Фаровон гиё буд бар кӯҳсор.
Бирафтанд аз он кӯҳ пӯён ба роҳ,
Бар он буму бар, к-андар он буд шоҳ.
Чу Қайдофа огаҳ шуд аз Қайдруш,
Зи баҳри писар паҳн букшод гуш.
Пазира шудаш бо сипоҳи гарон,
Ҳама номдорону некахтарон.
Писар низ чун рӯйи модар бидид,
Пиёда шуду офарин густарид.
Бифармуд Қайдофа то барнишаст,
Ҳаме ронд дасташ гирифта ба даст.
Бад-ӯ Қайдруш ончи гуфту шунид,
Ҳаме гуфту ранги рухаш нопадид,
Ки бар шаҳри Фарён чӣ омад зи ранҷ,
На монд афсару тахту лашкар, на ганҷ.
Маро ин ки ояд ҳаме бо арӯс,
Раҳо кард аз Искандари Файлақус.
В-агарна бифармуд, то гарданам
Зананду бисӯзанд б-оташ танам.
Кунун ҳар чӣ хоҳад, зи хубӣ бикун,
Бар ӯ ҳеҷ машкан ба посух сухун».
Чу бишнид Қайдофа ин аз писар,
Дилаш гашт аз он дард зеру забар.
Аз айвон фиристодаро пеш хонд,
Ба тахти гаронмоягон барнишонд.
Фаровон бипурсиду бинвохташ,
Яке моявар ҷойгаҳ сохташ.