Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

635. ГИРИФТОР ШУДАНИ ПИСАРИ ҚАЙДОФА БА ДАСТИ РУМИЁН

Чу Искандар он номаи ӯ бихонд, Бизад нойи рӯину лашкар биронд. Ҳаме рафт як моҳ пӯён ба роҳ, Чу омад сӯи марзи ӯ бо сипоҳ. Яке подшаҳ буд, Фарён ба ном, Або лашкару ганҷу густурда ком. Яке шорсон дошт бо сози ҷанг, Сари бораи ӯ надидӣ куланг. Биёвард лашкар, гирифт он ҳисор, Бар он бораи диж гузаштӣ савор. Сикандар бифармуд, то ҷосалиқ Биёвард арродаву манҷаниқ. Ба як ҳафта баста ҳисори баланд, Ба шаҳр андаромад сипоҳ арҷманд. Сикандар чу омад ба шаҳр-андарун, Бифармуд, то кас нарезанд хун. Яке пури Қайдофа домод буд, Бад-ин шаҳри Фарён бад-ӯ шод буд. Бад-ӯ дода буд духтари арҷманд, Кулоҳаш ба Қайдофа гашта баланд, Ки домодро ном буд Қайдрӯш, Бад-ӯ дода Фарён дилу чашму гӯш. Яке мард буд, -номи ӯ Шаҳргир, Ба дасташ зану шӯй гашта асир. Сикандар бидонист, к-он мард кист, Ба сар шуд, ки дармони ин кор чист. Бифармуд, то пеши ӯ шуд вазир, Бад-ӯ дод фармону тоҷу сарир. Хирадмандро Битақун буд ном, Яке ройзан марди густурдаком. Бад-ӯ гуфт к-«Оранд пешат арӯс, Туро хонам Искандари Файлақус. Ту биншин ба оин ба тахти каён, Чу ман пешат оям камар бар миён, Бифармой, то гардани Қайдрӯш Бибуррад дижогоҳи ҷангӣ зи дӯш. Ман оям ба пешат ба хоҳишгарӣ, Намоям фаровон туро кеҳтарӣ.