634. НОМАИ ИСКАНДАР НАЗДИ ҚАЙДОФА
Сикандар чу бишнид аз ин ёдгир,
Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир.
Набиштанд пас номае бар ҳарир
Зи шоҳаншаҳ Искандари шаҳргир.
Ба наздики Қайдофаи ҳушманд,
Шуда номи ӯ дар бузургӣ баланд.
Нахуст офарин бар Худованди меҳр,
Фурӯзандаи моҳу гардонсипеҳр.
Худованди бахшандаи доду рост,
Фузунӣ касеро диҳад, к-аш ҳавост.
Ба тундӣ наҷустем ҷанги туро,
Гироянда гаштем санги туро.
Чу ин нома оранд наздики ту,
Дурахшон шавад ройи торики ту.
Фиристӣ ба наздики мо божу сов,
Бидонӣ, ки бо мо туро нест тов.
Хирадмандиву пешбинӣ бувад,
Тавоноиву покдинӣ бувад.
В-агар ҳеҷ тоб андарорӣ ба кор,
Набинӣ ба ҷуз гардиши рӯзгор.
Чу андоза гирӣ зи Дорову Фур,
Худ омӯзгорат набояд зи дур.
Чу аз бод унвони ӯ гашт хушк,
Ниҳоданд мӯҳре бар ӯ-бар зи мушк.
Биёмад ҳаюне таковар ба роҳ
Ба фармони он номбардор шоҳ.
Чу Қайдофа он номаи ӯ бихонд,
Зи гуфтори ӯ дар шигифтӣ бимонд.
Ба посух нахуст офарин густарид,
Бад-он додгар, к-ӯ замин густарид.
Яке чархи гарданда барпой кард,
Баду некро андар ӯ ҷой кард.
Туро кард фирӯз бар Фури Ҳинд,
Ба Дорову бар номдорони Синд.
Ба пирӯзӣ андар сарат гашт каш
Аз он номдорони шамшеркаш.
Маро бо чу эшон баробар ниҳӣ,
Ба сар-бар зи пирӯзӣ афсар ниҳӣ.