Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

633. ЛАШКАР КАШИДАНИ ИСКАНДАР СӮИ МИСР

В-аз он ҷойгаҳ шоҳ лашкар биронд, Ба Ҷидда баромад, фаровон бимонд. Сипаҳро бифармуд, то ҳар касе Бисозанд киштиву заврақ басе. Ҷаҳонҷӯй бо лашкари роҳҷӯй Зи Ҷидда сӯи Миср бинҳод рӯй. Малик буд Қайтун ба Миср-андарун, Сипоҳаш зи роҳи гумоне фузун. Чу бишнид, к-омад зи роҳи ҳарам Ҷаҳонгири пирӯз бо боду дам, Пазира шудаш бо фаровон сипоҳ, Ҳамон бардаву бадраву тоҷу гоҳ. Сикандар ба дидори ӯ шод гашт, Ҳама гуфти бадхоҳи ӯ бод гашт. Ба Миср-андарун буд як сол шоҳ, Бад-он то баросуд шоҳу сипоҳ, Зане буд дар Андалус шаҳрёр, Хирадманду бо лашкаре бешумор. Ҷаҳонҷӯю бахшанда, Қайдофа ном, Зи рӯзи беҳӣ ёфта ному ком. Зи лашкар савори мусаввир биҷуст, Ки монанд сурат нигорад дуруст. Бад-ӯ гуфт: «Сӯи Сикандар хиром, В-аз ин марзу аз мо мабар ҳеҷ ном. Ба жарфӣ нигаҳ кун, чунон ҳам ки ҳаст Ба гуфтору дидору ҷойи нишаст. Зи рангу зи чеҳру зи болои ӯй Яке сурат оро саропои ӯй. Нигоранда бишнид аз ӯ, барнишаст, Ба фармони меҳтар миёнро бубаст. Ба Миср омад аз Андалус чун наванд, Бари Қайсар Искандари арҷманд. Чи бар гоҳ дидаш, чи бар пушти зин, Биёвард қиртосу авранди Чин. Нигори Сикандар, чунон ҳам ки буд, Нигориду з-он ҷой баргашт зуд. Чу Қайдофа чеҳри Сикандар бидид, Ғамӣ гашту бинҳуфту дам даркашид.