Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

632. РАФТАНИ ИСКАНДАР БА ЗИЁРАТИ ХОНАИ КАЪБА

Чу лашкар шуд аз хоста бениёз, Бар ӯ ногузашта замони дароз, Ба шабгир бархост овои кӯс, Ҳаво шуд ба кирдори чашми арӯс. Зи бас найзаву парниёнӣ дирафш Ситора шуда сурху зарду бунафш. Сикандар биёмад ба сӯи ҳарам, Гурӯҳе бар ӯ шоду баҳре дижам. Або нолаву бӯқу бо пил рафт, Ба дидор ҷойи Симоил рафт, Ки хони ҳарамро бароварда буд, Бад - ӯ-андарун ранҷҳо бурда буд. Худованд хонди-ш Байтулҳаром, Бад- ӯ шуд туро роҳи Яздон тамом. Зи покӣ варо хонаи хеш хонд, Ниёишкунонро бад-он пеш хонд. Худои ҷаҳонро набошад ниёз Ба ҷою хӯру кому орому ноз. Парастишгаҳе буд, то буд ҷой, Бад-ӯ-андарун ёд кардӣ Худой. Пас омад Сикандар сӯи Қодисӣ, Ҷаҳонгир то Ҷаҳрами порсӣ. Чу огоҳӣ омад ба Насри Қутеб, К-аз ӯ буд мар Маккаро фарру зеб. Пазира шудаш бо набарда сарон, Диловар саворону найзаварон. Саворе биёмад ҳам андар замон Зи Макка ба назди Сикандар дамон, Ки ин номдоре, ки омад зи роҳ, Ки ҷӯяд ҳаме тоҷу ганҷу сипоҳ, Набера Симоили некахтар аст, Ки пури Бироҳими пайғамбар аст. Чу пеш омадаш, Наср бинвохташ, Яке моявар пойгаҳ сохташ. Бад-ӯ шод шуд Насру гавҳар бигуфт, Ҳама розҳо баркушод аз нуҳуфт. Сикандар чунин дод посух бад-ӯй, Ки «эй покдил меҳтари ростгӯй!