631. ҶАНГИ ИСКАНДАР БО ҲИНДУВОН ВА КУШТА ШУДАНИ ФУР БАР ДАСТИ Ӯ
Чу Искандар омад ба наздики Фур,
Бидид он савору сипаҳро зи дур.
Хурӯш омаду гарди разм аз ду рӯй,
Бирафтанд гурдони пархошҷӯй.
Ба аспу ба нафт оташ андарзаданд,
Ҳама ҳиндиён даст бар сар заданд.
Аз оташ барафрӯхт нафти сиёҳ,
Биҷунбид аз он к-оҳанин буд сипоҳ.
Зи лашкар баромад саросар хурӯш,
Ба захм овариданд пилон ба ҷӯш,
Чу хартумҳошон бар оташ гирифт,
Бимонданд аз он пилбонон шигифт.
Ҳама лашкари Ҳинд гаштанд боз,
Ҳам он жандапилони гарданфароз.
Чу з-ин гуна диданд аз эшон гурез,
Бирафтанд бо лашкар аз ҷой тез.
Сикандар паси лашкари бадгумон
Ҳаме тохт бар сони боди дамон.
Чунин то ҳаво нилгун шуд ба ранг,
Сипаҳро намонд он замон ҷойи ҷанг.
Ҷаҳонҷӯй бо румиён ҳамгурӯҳ
Фуруд омад андар миёни ду кӯҳ.
Талоя фиристод ҳар сӯ ба роҳ,
Ҳаме дошт лашкар зи душман нигоҳ.
Чу пайдо шуд он шӯшаи тоҷи шед,
Ҷаҳон шуд ба сони булӯри сапед.
Баромад хурӯшидани карраной,
Дами нойи сурғину ҳиндидарой.
Сипаҳ бо сипаҳ ҷанг барсохтанд,
Синонҳо ба абр-андар афрохтанд.
Сикандар биёмад миёни ду саф,
Яке теғи румӣ гирифта ба каф.
Саворе фиристод наздики Фур,
Ки ӯро бихонад, бигӯяд зи дур,
Ки омад Сикандар ба пеши сипоҳ,
Ба дидор ҷӯяд ҳаме бо ту роҳ.
Сухан гӯяду гуфти ту бишнавад,
Агар дод гӯйӣ, бад-он бигравад,