630. ЛАШКАР ОРОСТАНИ ИСКАНДАР БА РАЗМИ ФУР
Чу посух ба назди Сикандар расид,
Ҳамон гаҳ зи лашкар ялон баргузид,
Ки бошанд шоиставу пешрав,
Ба дониш куҳан гашта в-аз сол нав.
Сӯи Фури ҳиндӣ сипоҳе биронд,
Ки рӯи замин ҷуз ба дарё намонд.
Ба ҳар сӯ ҳаме ронд з-он сон сипоҳ,
Ки гуфтӣ ҳаме бар замин нест роҳ.
Ҳама кӯҳу дарёву роҳи дурушт
Ба дил оташи ҷангҷӯён бикушт.
Зи рафтан саросар сипаҳ гашт кунд.
Аз он роҳи бероҳи душвору тунд.
Ҳамон гаҳ чу омад ба манзил сипоҳ,
Гурӯҳе бирафтанд наздики шоҳ,
Ки «эй Қайсари Руму солори Чин
Сипоҳи туро барнатобад замин.
Наҷӯяд ҳаме ҷанги ту Фури Ҳинд,
На Фағфури чинӣ, на солори Синд.
Сипаҳро чаро кард бояд табоҳ,
Бад-ин марзи беарзу з-ин гуна роҳ.
Зи лашкар набинем аспе дуруст,
Ки шояд ба тундӣ бар ӯ разм ҷуст.
Аз ин ҷанг агар бозгардад сипоҳ,
Савору пиёда наёбанд роҳ.
Чу пирӯз будем то ин замон
Ба ҳар ҷой бар лашкари бадгумон,
Кунун сарбасар кӯҳу дарёст пеш,
Ба серӣ наёмад кас аз ҷони хеш.
Магардон ҳама номи моро ба нанг,
Накардаст кас ҷанг бо обу санг»
Ғамӣ шуд Сикандар зи гуфторашон,
Барошуфту бишкаст бозорашон.
Чунин гуфт, к-«аз ҷанги эрониён
Зи румӣ касеро наёмад зиён.
Ба Доро-бар аз бандагон бад расид,
Касе аз шумо зору хаста надид.
Бад-ин роҳ ман бе шумо бугзарам,
Дами аждаҳоро ба пай биспарам.