629. ПОСУХИ НОМАИ ИСКАНДАР АЗ ФУР
Чу он нома бархонд Фури сутург,
Барошуфт аз он номдори бузург.
Ҳамон гаҳ яке тунд посух навишт,
Ба полези кина дарахте бикишт.
Сари нома гуфт аз Худованди пок,
Бибояд, ки бошем ботарсу бок.
Нагӯем чандин сухан бар газоф,
Ки бечора бошад худованди лоф.
Маро пеш хонӣ, туро шарм нест,
Хирадро бари мағзат озарм нест.
Агар Файлақус ин навиштӣ ба Фур.
Ту ҳам разм оғозу бардор шӯр.
Зи Доро бад-ин сон шудастӣ далер,
К-аз ӯ гашта буд чархи гарданда сер.
Чу бар тухмае бугзарад рӯзгор,
Насозанд бо панди омӯзгор.
Ҳамон низ базм омадат разми Кайд,
Бар онӣ, ки шоҳон-т гаштанд сайд.
Бар ин гуна унвону з-ин сон сухан
Наёмад ба мо з-он каёни куҳан.
Манам Фуру аз Фур дорам нажод,
Ки аз қайсарон кас накардем ёд.
Бад-он гаҳ ки Доро маро ёр хост,
Дилу бахт бо ӯ надидем рост.
Ҳамон жандапилон фиристодамаш,
Ҳамон ман ба ёрӣ забон додамаш.
Чу бар дасти он банда-бар кушта шуд,
Сари бахти эрониён гашта шуд.
Зи Доро чу рӯи замин пок шуд,
Туро заҳри бурранда тарёк шуд.
Гар ӯро зи дастури бад бад расид,
Чаро шуд хирад дар сарат нопадид?
Ту дар ҷанг чандин далерӣ макун,
Ки бо мот чунин набошад сухун,
Бубинӣ кунун жандапилу сипоҳ,
Ки дар дашт банданд бар бод роҳ.
Ҳама ройи ту бартарӣ ҷустан аст,
Ниҳоди ту ҳамранги аҳриман аст.