628. НОМАИ ИСКАНДАР БА ФУРИ ҲИНДӢ
Зи милод чун бод лашкар биронд,
Ба Қаннуч шуд, ганҷаш он ҷо бимонд.
Чу овард лашкар ба наздики Фур,
Яке нома фармуд пурҷангу шӯр.
Зи шоҳаншаҳ Искандари Файлақус
Фурӯзандаи донишу нӯъму бус.
Сӯи Фури ҳиндӣ сипаҳдори Ҳинд,
Баландахтару лашкаророи Синд.
Сари нома кард офарини Худой,
Куҷо буда бошад ҳамеша ба ҷой.
Касеро, ки ӯ кард пирӯзбахт,
Бимонад бад-ӯ кишвару тоҷу тахт.
Гараш хор гирад, бимонад нажанд,
Натобад бар ӯ офтоби баланд.
Шунидӣ ҳамоно, ки Яздони пок
Чӣ додаст моро дар ин тирахок?
Зи пирӯзиву бахту аз фарраҳӣ,
Зи дайҳиму аз тахту шоҳаншаҳӣ.
Намонад ҳаме, рӯзи мо бугзарад,
Каси дигар ояд, к-аз ин барх(в)арад.
Ҳаме ном бояд, ки монад, на нанг
Бар ин маркази моҳу паргори танг.
Чу ин нома орам ба наздики ту,
Пур аз дод кун ройи торики ту.
Зи тахти бузургӣ ба асп андар ой,
Мазан рой бо мӯбаду раҳнамой.
Зи мо эминӣ хоҳу чора масоз,
Ки бар чорагар кор гардад дароз.
Зи фармон агар як замон бугзарӣ,
Баландӣ гузиниву кундоварӣ,
Чу ман бо саворон биёям ба ҷанг,
Пушаймонӣ ояд туро аз диранг.
Чу з-ин бора гуфторҳо сахта шуд,
Нависанда аз нома пардахта шуд,
Ниҳоданд мӯҳри Сикандар бар ӯй,
Биҷустанд бино яке роҳҷӯй.
Фиристода омад ба дарбори Фур,
Гаҳе разм гуфтӣ, гаҳе базму сур.