Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

627. ОЗМУДАНИ ИСКАНДАР ҶОМИ КАЙДРО

В-аз он пас бифармуд, к-он ҷоми зард Биёранд, пур карда аз оби сард. Ҳаме хӯрд ҳар кас аз он ҷом об, Зи шабгир то буд ҳангоми хоб. Бихӯрданд об аз пайи хуррамӣ, Зи хӯрдан наёмад бад-ӯ- дар камӣ. Бад-он файласуф он замон шоҳ гуфт: Ки андар ҷаҳон Кайдро нест ҷуфт. Аз ин пас нахонем Ҳиндустон, Магар хонаи Кайди ҷодуситон. Ба чеҳра надоранд чизе фузун, Шигифт андар ин банду чандин фусун. Бад-он файласуф он замон шоҳ гуфт, Ки «Ин дониш аз мо набояд нуҳуфт, Ки афзоиши оби ин ҷом чист? Нуҷумист ё олати ҳиндувист?» Чунин дод посух ки «Эй шаҳрёр, Ту ин ҷомро хормоя мадор, Ки ин- дар басе солиён кардаанд, Бад-ин - андарун ранҷҳо бурдаанд. Аз ахтаршиносони ҳар кишваре, Ба ҷое ки буд номвар меҳтаре, Бари Кайд буданд, к-ин ҷом кард Ба рӯзи сафеду шаби ложвард. Ҳаме кори ахтар нигаҳ доштанд, Фаровон бад-ин рӯз бугзоштанд. Ту аз Миғниётис гир ин нишон, Ки ӯро касе кард оҳанкашон. Ба табъ инчунин ҳам шудаст обкаш, Зи гардун бигирад ҳаме оби х(в)аш. Ҳаме об гирад чу гирад камӣ, Набинад ба равшан ду чашм одамӣ». Чу гуфтори доно писанд омадаш, Суханҳои ӯ судманд омадаш. Чунин гуфт пирони милодро, Ки «Ман аҳди Кайд аз пайи додро Ҳаме нашканам, то бимонам ба ҷой, Ҳама пеши ӯ буд бояд ба пой.