626. ОЗМУДАНИ ИСКАНДАР ПИЗИШКИ ҲИНДУСТОНРО
Бифармуд, то рафт пешаш пизишк,
Ки иллат бигуфтӣ, чу дидӣ сиришк.
Сари дардмандӣ бад-ӯ гуфт: «чист,
Ки бар дарди он кас бибояд гирист?»
Бад-ӯ гуфт: «Ҳар кас ки афзун х(в)арад,
Чу бар хон нишинад хӯриш нашмарад.
Набошад фаровонхуриш тандуруст,
Бузург он, ки ӯ тандурустӣ биҷуст.
Биёмезам акнун туро доруе,
Гиёҳон фароз орам аз ҳар суе.
Ки ҳамвора бошӣ ту з-ӯ тандуруст,
Набояд ба дору туро тан бишуст.
Ҳамон орзуҳо бияфзоядат,
Чу афзун хӯрӣ чиз, нагзоядат.
Ҳаме ёд дор ин суханҳои нағз,
Бияфзояд андар танат хуну мағз.
Шавӣ бар тани хеш-бар комгор,
Дилат шод гардад чу хуррамбаҳор!
Ҳамон ранги чеҳрат ба ҷой оварад,
Ба ҳар кор покиза рой оварад.
Нагардад пароканда мӯят, сафед,
Зи гетӣ сафедӣ кунад ноумед.
Сикандар бад-ӯ гуфт: «Нашнидаам,
На касро зи шоҳон чунин дидаам.
Гар орӣ ту ин нағздору ба ҷой,
Ту бошӣ ба некӣ маро раҳнамой.
Харидор бошам туро ман ба ҷон,
Шавӣ бегазанд аз бади бадгумон.
Варо хилъату некуиҳо бисохт,
Зи донопизишкон сараш барфарохт.
Пизишки сароянда омад ба кӯҳ,
Наёвард бо хештан з-он гурӯҳ.
Зи доноӣ ӯро фузун буд баҳр,
Ҳаме заҳр бишнохт аз пойзаҳр.
Гиёҳони кӯҳӣ фаровон дуруд,
Бияфканд аз ӯ, ҳар чӣ бекор буд.
Аз ӯ поктарёкҳо баргузид,
Биёмехт дору, чунон чун сазид.