Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

625. ОЗМУДАНИ ИСКАНДАР ФАЙЛАСУФУ ПИЗИШКУ ҶОМИ КАЙД

Чу шуд кори он сарвбун сохта, Ба оини ӯ ҷой пардохта, Бипардахт аз он пас ба донандамард, Ки чун хезад аз дониш андар набард. Пур аз равғани гов ҷоми бузург Фиристод зӣ файласуфи сутург, Ки инро ба андомҳо-бар бимол, Сурину миёну бару пушту ёл. Биёсой, то мондагӣ бифканӣ, Ба дониш маро мағзу ҷон оганӣ. Чу доно ба равған нигаҳ кард, гуфт, Ки «Ин банд бар ман нашояд нуҳуфт. Ба ҷом - андар афканд сӯзан ҳазор, Фиристод бозаш бари шаҳрёр. Ба сӯзан нигаҳ кард шоҳи ҷаҳон, Биёвард оҳангаре дар ниҳон. Бифармуд, то гард бугдохтанд, Зи оҳан яке мӯҳрае сохтанд. Сӯи марди доно фиристод зуд, Чу доно нигаҳ кард, оҳан бисуд. Фиристод аз он оҳани тираранг, Яке оина карда равшан зи занг. Бибурданд назди Сикандар ба шаб, В-аз он роз накшод бар бод лаб. Сикандар ниҳод оина зери нам, Ҳаме буд, то шуд сиёҳу дижам. Бари файласуфаш фиристод боз, Бад-н кор шуд рамзи оҳан дароз. Хирадманд биздуд оҳан чу об, Фиристод бозаш ҳам андар шитоб. Зудудаш ба дору, к-аз он пас зи нам Нагардад ба зудӣ сиёҳу дижам. Сикандар нигаҳ карду ӯро бихонд, Бипурсиду бар зери гоҳаш нишонд. Сухан гуфташ аз ҷоми равған нахуст, Ҳаме дониши номвар бозҷуст. Чунин гуфт бо шоҳ марди хирад, Ки равған ба андомҳо нагзарад.