624. Чу он мӯбадон посухи шаҳрёр
Бидиданд бо ранҷдида савор,
Аз айвон ба наздики шоҳ омаданд,
Бад-он номвар боргоҳ омаданд.
Бар ӯ хонданд посухи номаро,
Паёми ҷаҳондори худкомаро.
Сипаҳдори Ҳиндустон шод гашт,
Ки аз ранҷи Искандар озод гашт.
Гузин кард сад мард аз он ҳиндувон,
Хирадманду гӯёву ширинзабон.
Дари ганҷ беранҷ букшод шоҳ,
Гузин кард з-ӯ ёраву тоҷу гоҳ.
Ҳамон гавҳару ҷомаи нобурид
Зи чизе, ки шоистатар баргузид.
Бибурданд сесад шутурвор бор.
Ҳама ҷомаву гавҳари шоҳвор.
Даҳ уштур ҳама бор динор кард,
Даҳ уштур зи ганҷи дирам бор кард.
Яке маҳди пурмоя аз уди тар,
Бар ӯ бофта зарру чанде гуҳар.
Ба даҳ пил бар тахти заррин ниҳод,
Ба пиле, ки пурмоятар зин ниҳод.
Фуғистон биборид хунин сиришк,
Ҳаме рафт бо файласуфу пизишк.
Қадаҳ ҳамчунон номдоре ба даст,
Ҳама саркашон аз майи ҷом маст.
Фуғистон чу омад ба мушкуи шоҳ,
Яке тоҷ бар сар зи мушки сиёҳ.
Ба сони зиреҳ бар гули арғувон
Барафканда буд моҳрух гесувон.
Чу сарви саҳӣ бар сараш гирдмоҳ,
Нашоист кардан бад-ӯ- дар нигоҳ.
Ду чашмаш чу ду наргис андар биҳишт,
Ки гуфтӣ, ки аз ноз дорад сиришт.
Сикандар нигаҳ карда болои ӯй,
Ҳамон мӯю рӯю саропои ӯй.
Ҳаме гуфт, к-инат чароғи ҷаҳон,
Ҳаме офарин хонд андар ниҳон.
Бад-он додгар, к-ӯ сипеҳр офарид,