673. ҶАНГИ АРДАШЕР БО АРДАВОН ВА КУШТА ШУДАНИ АРДАВОН
Чу огоҳӣ омад сӯи Ардавон,
Дилаш гашт пурбиму тира равон
Чунин гуфт, к-«Ин рози чархи баланд
Ҳаме гуфт бо ман худованди панд.
Ҳар он бад к-аз андеша берун шавад,
Зи бахшиш ба кӯшиш гузар чун шавад.
Гумоне набурдам, ки аз Ардашер
Яке номҷӯй ояду шаҳргир.
Дари ганҷ букшоду рӯзӣ бидод,
Сипаҳ баргирифту буна барниҳод.
Зи Гилу зи Дайлам биёмад сипоҳ,
Ҳаме гарди лашкар баромад ба моҳ.
В-аз он рӯй лашкар биёвард шоҳ,
Сипоҳе, ки бар бод барбаст роҳ.
Миёни ду лашкар ду партоб монд,
Ба хок-андарун мор бехоб монд.
Зи бас нолаи кӯс бо карраной,
Ҷарангидани зангу ҳиндидарой.
Хурӯшон сипоҳу дурафшон дирафш,
Сарафшон шуда теғҳои бунафш.
Чиҳил рӯз аз ин сон ҳаме ҷанг буд,
Бар он зердастон ҷаҳон танг буд.
Зи бас кушта шуд рӯйи ҳомун чу кӯҳ,
Шуда хаста аз зиндагонӣ сутӯҳ.
Саранҷом абре баромад сиёҳ,
Бишуд кӯшиши размро дастгоҳ.
Яке бод бархост бас ҳавлнок,
Дили ҷангиён шуд аз он пур зи бок.
Битуфид кӯҳу бидаррид дашт,
Хурӯшаш ҳаме аз ҳаво баргузашт.
Битарсид аз он лашкари Ардавон,
Шуданд андар ин як сухан як забон,
Ки ин кор бар Ардавон эзадист,
Бар ин лашкар акнун бибояд гирист.
Ба рӯзе куҷо сахт шуд корзор,
Ҳама бихрадон хостанд зинҳор.
Биёмад зи қалби сипоҳ Ардашер,
Чакочок бархосту борони тир.