674. ҶАНГИ АРДАШЕР БО КУРДОН
Сипоҳе зи Истахр бемар бибурд,
Бишуд сохта-то кунад разми курд.
Чу шоҳ Ардашер андаромад ба танг,
Пазира шудаш курди бемар ба ҷанг,
Яке кор буд хору душвор гашт,
Або курд кишвар ҳама ёр гашт.
Яке лашкаре карда буд порсӣ,
Фузунтар зи курдон як-ду басе.
Яке рӯз то шаб баровехтанд,
Сипоҳи ҷаҳондор бугрехтанд.
Зи бас куштаву хаста бар дашти ҷанг,
Шуд овардгаҳро ҳаме ҷой танг.
Ҷуз аз шоҳ бо хормоя сипоҳ
Набуд номдоре бад-он размгоҳ.
Зи хуршеди тобону аз гарду хок
Забонҳо шуд аз ташнагӣ чок-чок.
Ҳамон гаҳ дирафше даровард шаб,
Ки биншонад он ҷангу ҷӯшу ҷалаб.
Яке оташе дид бар сӯи кӯҳ,
Биёмад ҷаҳондор бо ин гурӯҳ,
Сӯи оташ овард рӯ Ардашер,
Ҳамон андаке мард барнову пир.
Чу танг андаромад, шубонон бидид,
Абар мешу буз посбонон бидид.
Фуруд омад аз асп шоҳу сипоҳ,
Даҳоншон пур аз гарди овардгоҳ.
Аз эшон сабук Ардашер об хост,
Якояк бибурданд бо об мост.
Биёсуду лахте чарид, он чи дид,
Шаби тира хафтон ба сар баркашид.
Зи хафтони шоиста буд бистараш,
Ба болин ниҳод он кайӣ миғфараш.
Сапеда чу барзад зи дарёи об,
Сари шоҳи Эрон баромад зи хоб.
Биёмад ба болини ӯ саршубон,
Ки падром бодо-т рӯзу шабон.
Чӣ бад буд, к-ин дашт роҳи ту буд,
На оромро хобгоҳи ту буд.