Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

675. ШАБЕХУН КАРДАНИ АРДАШЕР БАР САРИ КУРДОН ВА ШИКАСТ ДОДАН ЭШОНРО

Чу хуршед шуд зард, лашкар биронд, Касеро, ки нобуданӣ буд, бимонд. Чу шаб ним бугзашту торик шуд, Ҷаҳондор бо курд наздик шуд. Ҳама дашт аз эшон пур аз хуфта дид, Якояк дили лашкар ошуфта дид. Чу омад сипаҳбад ба болини курд, Инон бораи тезтакро супурд. Бароҳехт шамшеру андарниҳод, Гиёро зи хун бар сар афсар ниҳод, Ҳама дашт аз эшон сару даст буд, Тани куштагон шаст бар шаст буд. Беандоза з-эшон гирифтор шуд, Сутургиву нобихрадӣ хор шуд. Ҳама бумҳошон ба тороҷ дод, Сипаҳро ҳама бадраву тоҷ дод. Чунон буд, ки динор бар сар ба ташт Агар пирмарде бибурдӣ ба дашт, Накардӣ ба динори ӯ кас нигоҳ Зи некахтари рӯзу аз доди шоҳ. Зи мардӣ накард ӯ бад-ин ҷанг фахр, Гурозон биёмад ба шаҳри Ситахр. Бифармуд, к-аспон банерӯ кунед, Силеҳи саворон беоҳу кунед. Чу осуда гардед яксар ба базм, Кунед он гаҳ андешаи рӯзи разм. Далерон ба хӯрдан ниҳоданд сар, Чу осуда шуд гирдгоҳ аз камар, Пурандешаи разм гашт Ардашер, Чу ин достон бишнавӣ, ёд гир.