676. ДОСТОНИ КИРМИ ҲАФТВОД
Бубин ин шигифтӣ, ки деҳқон чӣ гуфт,
Бад-он гаҳ ки букшод роз аз нуҳуфт.
Зи шаҳри Куҷорон ба дарёи Порс,
Чӣ гӯяд зи болову паҳнои Порс.
Яке шаҳр буд, нек мардум басе,
Зи кӯшиш будӣ хӯрданӣ ҳар касе.
Бад-он шаҳр духтар фаровон будӣ,
Ки беком ҷӯяндаи нон будӣ.
Ба як рӯй наздиктар буд кӯҳ,
Шудандӣ ҳама духтарон ҳамгурӯҳ.
Аз он ҳар яке пунба бурдӣ ба санг,
Яке дукдоне зи чӯби хаданг.
Ба дарвоза духтар шудӣ ҳамгурӯҳ,
Хиромон аз ин шаҳр то пеши кӯҳ.
Баромехтандӣ хӯришҳо ба ҳам,
Набудӣ ба худ андар ӯ бешу кам.
Нарафтӣ сухан гуфтан аз хобу х(в)ард,
Аз он пунбашон буд нангу набард.
Шабонгаҳ будандӣ сӯи хона боз,
Шуда пунбашон ресмони тароз.
Бад-ин шаҳри бечиз хуррамниҳод
Яке мард буд, номи ӯ Ҳафтвод.
Бар ин гуна-бар ному овоза рафт,
Азеро ки ӯро писар буд ҳафт.
Гиромӣ яке духтараш буду бас,
Ки нашмурдӣ ӯ духтаронро ба кас.
Чунон буд, ки рӯзе ҳама ҳамгурӯҳ
Нишастанд бо дук дар пеши кӯҳ,
Ба гоҳи хӯриш дук бугзоштанд,
Баромехтанд, он куҷо доштанд.
Чунон буд, к-он духтари некбахт
Яке себ афканда бод аз дарахт,
Ба раҳ-бар бидиду сабук баргирифт,
Кунун бишнав ин, то бимонӣ шигифт.
Чу он хубрух мева андаргазид,
Яке дар миён кирм оганда дид.
Ба ангушт аз он себ бардошташ,
Дар он дукдон нарм бугзошташ.