677. РАЗМИ АРДАШЕР БО ҲАФТВОД ВА ШИКАСТ ЁФТАНИ АРДАШЕР
Чу огоҳ шуд з-он сухан Ҳафтвод,
Аз эшон ба дил барнаёвард ёд.
Камингоҳ кард андар он кунҷи кӯҳ,
Биёмад сӯи разм худ бо гурӯҳ.
Чу лашкар саросар барошуфтанд,
Ба гурзу табарзин ҳаме кӯфтанд.
Сипоҳ андаромад зи ҷои камин,
Сияҳ шуд бар он номдорон замин,
Ки кас боз нашнохт аз пой даст,
Ту гуфтӣ, замин пойи аспон бубаст.
Зи кушта чунон шуд дару дашту кӯҳ,
Ки пирӯзгар шуд зи куштан сутӯҳ.
Ҳар он кас, ки буд зинда, з-он размгоҳ
Сабук бозгаштанд наздики шоҳ.
Чу огоҳ шуд номдор Ардашер
Аз он куштану ғорату дору гир,
Ғамӣ гашту лашкар ҳама бозхонд,
Ба зудӣ силоҳу дирам барфишонд.
Ба тундӣ биёмад сӯи Ҳафтвод,
Ба гардун баромад сари баднажод.
Биёвард ганҷу силеҳ аз ҳисор,
Бар ӯ хор шуд лашкару корзор.
Ҷудо буд аз ӯ дур меҳтар писар,
Чу огоҳ гашт ӯ зи разми падар,
Баромад зи орому аз хӯрду хоб,
Ба киштӣ биёмад бад-ин рӯйи об.
Ҷаҳонҷӯйро ном Шоҳӯй буд,
Яке шӯху бадсозу бадхӯй буд.
Ба киштӣ биёмад бари Ҳафтвод,
Дили Ҳафтвод аз писар гашт шод.
Биёрост бар маймана ҷойи хеш,
Сипаҳбад буду лашкаророи хеш.
Ду лашкар шуду ҳар ду ороста,
Пур аз кина сар, ганҷ пурхоста.