678. ТОРОҶ ДОДАНИ МЕҲРАКИ НӮШЗОД ХОНАИ АРДАШЕРРО
Ба Ҷаҳрам яке мард буд кайнажод,
Куҷо номи ӯ Меҳраки Нӯшзод.
Чу огаҳ шуд аз рафтани Ардашер,
В-аз он монданаш бар лаби обгир,
Ҳамон низ тангӣ дар он размгоҳ
Зи баҳри хӯришҳо бар ӯ баста роҳ,
Зи Ҷаҳрам биёмад ба айвони шоҳ,
Зи ҳар сӯ биёвард бемар сипоҳ.
Ҳама ганҷи ӯро ба тороҷ дод,
Ба лашкар басе бадраву тоҷ дод.
Чу огоҳӣ омад ба шоҳ Ардашер,
Пурандеша шуд бар лаби обгир.
Ҳаме гуфт носохта хонаро,
Чаро хостам ҷанги бегонаро?
Бузургони лашкар-шро пеш хонд,
Зи Меҳрак фаровон суханҳо биронд.
«Чӣ бинед,-гуфт, - эй сарони сипоҳ,
Ки моро чунин танг шуд дастгоҳ?
Кашидам басе талхӣ аз рӯзгор,
Набуд ранҷи Меҳрак маро дар шумор».
Ба овоз гуфтанд, к-«Эй шаҳрёр,
Мабинод чашмат бади рӯзгор,
Чу Меҳрак бувад душмане дар ниҳон,
Чаро ҷуст бояд ба сахтӣ ҷаҳон?
Ту дорӣ бузургиву кайҳон турост.
Ҳама бандагонему фармон турост.
Бифармуд, то хон биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Ба хон барниҳоданд чанде бара,
Ба хӯрдан ниҳоданд сар яксара.
Чу нонро ба хӯрдан гирифт Ардашер,
Биёмад ҳамон гаҳ яке тез тир.
Нишаст андар он пок фарбеҳ бара,
Ки тир андарун ғарқ шуд яксара.
Бузургону фарзонаи размсоз
Зи нон доштанд он замон даст боз.
Зи ғам ҳар касе аз ҷигар хун кашид,
Яке аз бара тир берун кашид.