679. ОГОҲӢ ЁФТАНИ АРДАШЕР АЗ КОРИ КИРМ ВА ЧОРА НАМУДАН ВА КУШТАНИ Ӯ КИРМРО
Пурандеша буд он шаб аз кирм шоҳ,
Чу биншаст хуршед бар ҷойи моҳ,
Сипаҳ баргирифт аз лаби обгир,
Сӯи Порс омад дамон Ардашер.
Паси лашкари ӯ биёмад сипоҳ,
Зи ҳар сӯ гирифтанд бар шоҳ роҳ.
Бикуштанд, ҳар кас ки буд номдор,
Ҳаме тохт бо вижагон шаҳрёр.
Хурӯш омад аз пас, ки аз бахти кирм,
Ки рахшанда бодо сари тахти кирм!
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки инат шигифт,
К-аз ин ҳаргиз андоза натвон гирифт.
Биёмад гурезону дил пурниҳеб,
Ҳаме тохт андар фарозу нишеб.
Яке шорсон дид ҷойи бузург,
Биронданд бо пӯя аспон чу гург.
Чу танг андаромад, яке хона дид,
Ба дар-бар ду барнои бегона дид.
Бибуданд бар дар замоне ба пой,
Бипурсид аз ӯ ин ду покизарой,
Ки «Бегаҳ чунин аз куҷо рафтаед,
Ки бо гарди роҳеду ошуфтаед?»
Бад-ӯ гуфт: «Аз ин сӯ гузашт Ардашер,
В-аз ӯ бозмондем мо хира-хир,
Ки бугрехт аз кирму аз Ҳафтвод.
В-аз он беҳунар лашкари баднажод».
Бупечид бар ҷой ҳар ду ҷавон,
Пур аз дард гаштанду тираравон.
Фуруд оваридандаш аз пушти зин,
Бар ӯ ҳар ду он хонданд офарин.
Яке ҷойи хуррам биёростанд,
Писандида хоне биперостанд.
Нишастанд бо шоҳ гурдон ба хон,
Парастиш гирифтанд ҳар ду ҷавон.
Ба овоз гуфтанд, к-«Эй сарфароз,
Ғаму шодмонӣ намонад дароз.
Нигаҳ кун, ки Заҳҳоки бедодгар,
Чӣ овард з-он тахти шоҳӣ басар?