680. КУШТАНИ АРДАШЕР КИРМИ ҲАФТВОДРО
В-аз он ҷойгаҳ шуд сӯи ҷанги кирм,
Сипоҳаш ҳама карда оҳанги кирм.
Биёвард лашкар даҳу ду ҳазор,
Ҷаҳондидаву коркарда савор.
Пароканда лашкар чу шуд ҳамгурӯҳ,
Биёвардашон то миёни ду кӯҳ.
Яке мард буд, номи ӯ Шаҳргир,
Хирадманду солори шоҳ Ардашер.
Чунин гуфт пас шоҳ бо паҳлавон,
Ки «Эдар ҳаме бош равшанравон.
Шабу рӯз карда талоя ба пой,
Саворони бодонишу раҳнамой.
Ҳамон дидабон дору ҳам посбон,
Нигаҳбони лашкар ба рӯзу шабон.
Ман акнун бисозам яке кимиё,
Чу Исфандёр - он ки будам ниё.
Агар дидбон дуд бинад ба рӯз,
Шаб оташ чу хуршеди гетифурӯз,
Бидонед, к-омад ба сар кори кирм,
Гузашт ахтару рӯзи бозори кирм.
Гузин кард аз он меҳтарон ҳафт мард
Далерону шерони рӯзи набард.
Ҳар он кас, ки будӣ ҳамовози ӯй,
Нагуфтӣ ба боди ҳаво рози ӯй.
Басе гавҳар аз ганҷ бугзид низ,
Чу дебову динору ҳар гуна чиз,
Ба чашми хирад чиз ночиз кард,
Ду сандуқ пурсурбу арзиз кард.
Яке деги рӯин ба бор-андарун,
Ки устод буду ба кор-андарун,
Чу з-он гуна найрангҳо кард рост,
Зи солори охур харе даҳ бихост.
Чу харбандагон ҷомаҳои гилем
Бипӯшиду бораш ҳама зарру сим.
Ҳаме шуд халидадилу роҳҷӯй,
Зи лашкар сӯи диж ниҳоданд рӯй,
Ҳамон рустоӣ ду марди ҷавон,
Ки буданд рӯзе варо мизбон,